Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: озмун баргузор шуд

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ  сабқат оростанд.

Озмунро Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки  ҳадафи аслии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ мебошад. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, афзуд, ки озмун шавқ ва завқи сокинони мамлакатро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд.

С.АЗИЗӢ,  “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш