Баҳори соли 2016 моро насиб шуд, ки бо даъвати Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи адибону олимони тоҷики Ӯзбекистон Асад Гулзодаи Бухороӣ, Шониёз Мӯсоев ва Файз Маҳмуд дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон ва Анҷумани адибони ҳавзаи Наврӯз иштирок намоям.
Мувофиқи барномаи ҷашн, баъди тантанаҳои идона дар Душанбе мо бо як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ ва адибону олимони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи диёри шоири шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун ва зодгоҳи Камоли Хуҷандӣ - Хуҷанди бостон низ иштирок кардем.
Хуҷанд шаҳри зебост. Беҳуда нест, ки онро «Тирози ҷаҳон» гуфтаанд. Дар ин ҷо бузургони зиёде гузаштаанд. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барои шарафи ин шаҳр муборизаи шадид бурдааст. Камоли Хуҷандӣ бо ашъори дилпазири худ онро ба олам машҳур кардааст. Хуҷанд шаҳри дӯстӣ, шаҳри ваҳдат , шаҳри шоирону олимон, ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Нақшу нигори толору деворҳои осорхона аз рӯзгори одамони давраҳои гуногун – асри сангу биринҷӣ, замони Зардушту Искандар, истилои арабу муғул то рӯзҳои мо ҳикоят мекунанд...
Баъд моро ба боғи Камоли Хуҷандӣ ҳидоят намуданд. Раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва раиси Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Фахриддини Насриддин ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ибтидо мо мақбараи Хоҷа Камолро зиёрат кардем.
Ҳавлии хона - музей аз қисмҳои дарун, берун ва боғ иборат буда, ба он аз дарвозаи чӯбини кандакоришуда медароед. Пеш аз даромадан занҷири зулфини дарро тақ-тақ мезанед. Дар як табақи дарвоза занҷир барои мардон, дар табақи дигар барои занон овехтаанд. Роҳбалади мо Иноятхон маънои ҳар яки онҳоро мефаҳмонад: агар дар ҳавлӣ мард набошад, ба он ҷо даромадани мард мумкин нест. Занҳо бояд занҷири барои занон муқарраршударо кӯбанд, ки овозаш маҳину пасттар аст...
Сонӣ мо вориди ҳавлии берун шудем, ки дар даромади дар меҳмонхона дорад. Дар ин ҷо китобхона ва дарсхонаи шогирдон ҳам ҳаст. Мо дар ҳамин дарсхона бо мухлисони каломи бадеъ, адибон ва эҷодкорони ҷавон, ворисони сухангӯю сухансанҷи Камоли Хуҷандӣ дар мулоқот шудем. Муаллифи ин сатрҳо оид ба омӯхтани эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ дар Ӯзбекистон, аз ҷумла, аз ҷониби олимони Самарқанд дар барнома ва китобҳои дарсии мактабҳои миёнаву олии Ӯзбекистон дохил шудани ҳаёт ва эҷодиёти ӯ, аз ҷониби ҳофизону овозхонони Ӯзбекистон суруда шудани шеърҳои Камол, тарҷумаи ашъори Камол ба забони ӯзбекӣ ва ғайра сухан ронд.
Сипас мо ба ҳавлии дарун даромада, бо ашёву анҷоми рӯзгори замони Камол, тарзи бофтани матои адрас ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки занони ҳунарманди Хуҷанд бо маҳорати хоса машғули он буданд, шинос шудем.
Дар охир аз боғи Камол, ки қисми сеюми ҳавлиро ташкил менамояд ва бо анвои гулу дарахтон зеб дода шудааст, дидан кардем.
Мо аз ин кошонаи илму адаб бо як ҷаҳон таассурот баромадем ва хушҳол гардидем, ки Камоли Хуҷандӣ гарчи дур аз Ватан, дар ғарибӣ ин дунёро тарк намудааст, лекин номи неки ӯ бо ашъори дилпазираш дар ёди ҳамдиёронаш ҳамеша боқист.
Таваҷҷуҳ ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби мухлисони ӯ дар Ӯзбекистони имрӯза низ хеле зиёд аст. Аз ҷумла, ғазалиёти пурмазмуни ӯ аз ҷониби шоир ва тарҷумони маъруф Олимҷон Бӯриев басо салису равон тарҷума шудааст.
Мо ҳам аз ин ҷашнвораи пурфайзи адабӣ дар канор намонда, ба чанд ғазали шоир мухаммаси шогирдонае гуфтем, ки яке аз онҳо дар китоби тозанашри мо “Нури Зиё – 101 мухаммас” (Тошканд, 2018) ҷой дода шудааст.
Гуфтем, гуфтем
(Мухаммас бар ғазали Камоли Хуҷандӣ)
Рухат нури саҳар гуфтем, гуфтем,
Қадатро гар шаҷар гуфтем, гуфтем,
Ду чашмат шуълавар гуфтем, гуфтем,
“Рухат рашки қамар гуфтем, гуфтем,
Лабатро гар шакар гуфтем, гуфтем.”
Ҷаҳон гар тан, ту ҷонӣ ин ҷаҳонро,
Гарон лаълу гуҳар ҳастӣ ту конро,
Чу гулдаста битобӣ бӯстонро,
“Чу ширинтар зи ҷонӣ дӯстонро,
Зи ҷонат дӯсттар гуфтем, гуфтем.”
Ба ту кардем ишқ изҳор эй ёр,
Ҳама олам баромон гашт гулзор,
Ба мо гуфтанд ёрон бош ҳушёр,
“Чу сирри ишқи мо донист ағёр,
Ба ёрон ин хабар гуфтем, гуфтем.”
Бигуфтам: ҳар чӣ шуд, ту пушти сар неҳ,
Сабақ бар носипосонат дигар деҳ,
Зи баҳраш бигзару санге бар ӯ неҳ.
“Рақибатро, ки саг бисёр аз ӯ беҳ,
Чӣ шуд, гар з-он батар гуфтем, гуфтем.”
Ба ман ҳар чӣ бигуфт, ҳамсоғарат гуфт,
Ҳақиқат гуфт, ҳам андар барат гуфт,
Чу Аслӣ ҳарфҳои пурсудат гуфт,
“Чӣ ранҷӣ, гар Камол они худат гуфт,
Дурӯғе ин қадар гуфтем, гуфтем.”
Эҳтиром ба шоири мумтоз
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
академики Академияи
фанҳои Турон, Корманди
шоистаи фарҳанги
Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
узви Иттиҳоди
нависандагони Тоҷикистон,
Самарқанд, 22 январи соли 2019
Иловакунӣ
Иловакунии фикр