Нашрияи Омӯзгор

Мухаммас бар ғазали Камоли Хуҷандӣ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Ғарибонро харидорӣ накардӣ,

Хушам ҳангоми бедорӣ накардӣ,

Тараҳҳум ҳини беморӣ накардӣ,

«Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ,

Ҷафо кардӣ, вафодорӣ накардӣ».

 

Шавам вайрону хоҳам бошӣ обод,

Ба банд афтам, вале монӣ ту озод,

Насозам аз ҷафоят доду фарёд,

«Хӯрам гуфтӣ ғами ту, ту бизӣ шод,

Маро ғам кушту ғамхорӣ накардӣ».

 

Манам дар ёди рухсорат мушавваш,

Чӣ месозам кунун бо қалби ғамкаш,

Бипурс аз ҳоли ман, эй моҳи беғаш,

«Дилам пайваста медорӣ ба оташ,

Ба ман з-ин беш дилдорӣ накардӣ».

 

Ба ҳар ҷо по ниҳодам, дил туро кофт,

Ба поят хеш беҳолона партофт,

Басо хоре  варо он лаҳза бишкофт,

«Дило, аз нола булбул васли гул ёфт,

Чаро зорӣ бар ин зорӣ накардӣ».

 

Ба сад уммеду садҳо беқарорӣ,

Кашидам рӯйи  роҳат интизорӣ,

Задӣ ҳар дам ба сина захми корӣ,

«Ба чашмат гӯ, чӣ монд аз  зулму хорӣ,

Ки зери тоқи зангорӣ накардӣ».

Чу нанҳодӣ ба захмам ҳеҷ марҳам,

Накардӣ  аз дилам кам зарраи ғам,

Зи дунё бигзарам бо чашми пурнам,

«Касе дар ҳоли сиҳҳат хун кунад кам,

Ту худ дар айни беморӣ накардӣ».

 

Зарифӣ моҳи рӯят шуд харидор,

Туро бошад ба нақди ҷон талабгор,

Маро бишмор дар ишқат сазовор,

«Камол, он шӯхчашм аз худ маёзор,

Чу ҳаргиз мардумозорӣ накардӣ».

 

Исмоил Зарифӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш