Нашрияи Омӯзгор

Орзуманди диёри хеш

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 843        Шарҳ: 0

 

Дил муқими кӯи ҷонон асту тан ин ҷо

ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо

ғариб?!

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо

ғариб?

Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ

ҳоли ман?

Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло

ғариб.

Ҳаргиз аз рӯи карам рӯзе напурсидӣ, ки

чист

Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо

ғариб?

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар

ҳоли худ,

Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад

бо ғариб?

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад

мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во

ғариб!    

Луғот:

1.Муқим- а.1.бошанда, сокин; муқими ҷое будан ҷой гирифтан дар маҳалле, сукунат кардан. 2.Истиқоматкунандаи доимӣ, таҳҷоӣ; муқим шудан ҷо гирифтан; сокини ҷое шудан ба таври доимӣ, сукунат.

2.Ғариб- а. 1.аҷиб, бадеъ, ғалатӣ; чизи нав ва нодир; аҷибу ғариб шигифтовар, аҷоиб. 2.Мусофир; дурафтода аз ватан, аз хонумон ҷудо, бе ёру диёр. 3.маҷ.бекас; бечора; шоми ғарибон а) кит. аввалин шаби мотам баъди дафн; б) шаби пурғаму андуҳи ҳиҷрон ва танҳоӣ.

3.Мискин- а.1.фақир, бенаво, бечиз, қашшоқ; мунъиму мискин дорою камбағал. 2.Тамоман аз тобу тавонмонда, нотавон, оҷиз; бечора.

4.Ғурбат- а.1.ҷудоӣ аз ватан, дурӣ аз ёру диёр, ғарибӣ, мусофирӣ; ғурбат ихтиёр кардан тарки ватан кардан. 2.он ҷо, ки ватани кас нест, ҷои дур аз хонумон; дар ғурбат дар дурӣ аз ватан, дар мусофирӣ; диёри ғурбат ҷое, ки кас дар он ғарибу мусофир аст; ғарибӣ. 2.гуфт.,маҷ.ҷанҷол, хархаша; ғурбат кардан ҷанҷол кардан, мағал бардоштан; сари беғурбати худро ба ғурбат мондан ба коре иқдом карда, худро ба ташвиш андохтан, ба коре ҳамроҳ шуда худро гирифтори дарди сар кардан.

5.Илло- а.ба ҷуз, ғайр аз, магар, магар ин ки; ва илло агар не, вагар на; илло ту ғайр аз ту.

6.Карам.-а.марҳамат, иноят; саховат, ҳиммат, кушодадастӣ, ҷавонмардӣ; лутфу карам, меҳрубонӣ ва мурувват.

7.Мустаманд- а.1.ғамгин, андуҳгин, 2.муҳтоҷ, ҳоҷатманд, бечора. 3.маҷ. ошиқ, гирифтор.

Мавзӯи марказии ин ғазали риққатангез ғарибист. Ғарибӣ ба маънои дуюми луғавиаш, яъне мусофирӣ; дурафтодагӣ аз ватан, аз хонумон, ҷудоӣ аз ёру диёр ва инчунин, ба маънои сеюмаш (маҷозан бекасӣ, бечорагӣ) мавриди корбурди шоир қарор гирифтааст. Дар ин ғазал шоир аз санъатҳои бадеии маҷоз, истиора, таҷоҳули ориф, ҳисомезӣ, такрор ва тазод истифода бурдааст. Он чи ки мавриди таваҷҷуҳи мо қарор дорад, пеш аз ҳама, баёни матлаби шоир мебошад, ки аз афкори орифонаи ӯ бармеояд.

Аз байти матлаъ зоҳиран чунин маънӣ бармеояд, ки шоир аз муқими кӯи ҷонон будани дили худ ва тани танҳо мондани хеш шиква мекунад. Аммо ин хулосаи зоҳирӣ аз ҳадафи Шайх Камоли ориф хеле дур аст. Вожаҳои дил ва рӯҳ бисёр воқеъ шудааст, ки чун муродифи якдигар дар ашъори орифона мавриди корбурд қарор гирифтаанд. Ҷонон тибқи истилоҳоти тасаввуф сифати қайюмист, ки қиёми ҷумла мавҷудот ба ӯст, ки агар он дақиқа пайваста мавҷудотро намебуд, ҳеч чиз вуҷуд ва бақо намеёфт. Шояд шоир дар ин байт гуфтанӣ бошад, ки дилу рӯҳи ман дар боргоҳи Кибриё иқомат дорад ва тани ман дар олами сифлӣ ғарибона умр ба сар мебарад. Ин тани бечораи нотавон дигар илоҷи раҳоӣ аз ин зиндони махуф надорад. Хешро дар фироқи наздиктарин каси худ, ки дил аст, танҳову бекас ва ғариб эҳсос мекунам:

Дил муқими кӯи ҷонон асту тан ин ҷо

ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо

ғариб?!

                Байти дуюм давоми мантиқии байти аввал буда, зоҳиран таъкид мегардад, ки ман орзуманди диёри худ ва ёрони худ ҳастам. Дар ҷаҳон то кай чунин бесару бепо ва ғарибона умр ба сар мебарам? Диёре, ки шоир орзуманди он аст, аз диёри воқеии ӯ фарсахҳо дур ва дастнорас аст. Он диёр дар олами улвӣ ва кишвари малакутӣ мавҷуд аст.

Дар байти мавриди назари мо Шайх Камол низ чун Хоҷа Ҳофизу Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ орзуи расидан ба он диёри ормонии худро мекунад, ки дар он ҷо ёрону ҳаммаслаконаш қарор доранд. Муфориқати эшон ҳушу зеҳни шоирро аз олами носут ба сӯи олами лоҳут кашон- кашон мебарад. Орзу дар истилоҳоти сӯфия майл аст ба асли худ, бо андак огоҳӣ ва илм ба баъзе аз аслу мақсад:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо

ғариб?

Дар байти сеюм шоир таъкид менамояд, ки аз сабаби дучори ғарибӣ нашуданат ҳоли маро аз куҷо медонӣ? Ранҷу азоби ғарибиро танҳо ғарибон медонанд. Маънии ирфонии байт дар вожаи меҳнат ифода ёфтааст, ки маънои заҳмат ва алами ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрии аз сабаби маъшуқ ба ошиқ расидаро ифода мекунад. Онҳое, ки солики ин сулук нестанд, аз ин ранҷ ғофиланд:

Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ

ҳоли ман?

Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло

ғариб.

Байти чоруми ғазал зоҳиран оҳанги шикоятӣ дошта, шоир гила мекунад, ки ту ҳаргиз аз рӯи лутфу меҳрубонӣ напурсидӣ, ки мани муҳтоҷ ва дармонда дар ғарибӣ чӣ ҳол дорам? Вожаи калидии ин байт карам буда, муродифи лутф аст, ки дар истилоҳ парвариш додани ошиқро мегӯянд, ба тариқи мувосот ва мувофиқат, ки ҳадафи шоир низ дар ҳамин маънӣ ифода меёбад:

Ҳаргиз аз рӯи карам рӯзе напурсидӣ, ки

чист

Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо

ғариб?

Дар байти панҷум шоир таъкид мекунад, ки дар ин даврон касе бар ҳоли худ дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, бо ғариб ҳамдам намешавад. Ин маънои зоҳирии байт аст. Ҳол дар ин байт маҷозан ба маънии ихтиёр низ омадааст. Мухтор набудани банда дар мадди назари шоир аст. Орифе сароҳатан иброз доштааст, ки бандаро ба ихтиёр чӣ кор?! Шоири ориф дар ин ҷодаи пур аз мушкилот рӯҳан худро танҳо эҳсос мекунад:

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар

ҳоли худ,

Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад

бо ғариб?

Дар мақтаи ғазал шоир зоҳиран таъкид менамояд, ки дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ месупорад. Истифодаи санъати такрор ин хабари риққатангезро даҳчанд муассиртар кардааст. Аммо чунонки дар боло зикр намудем, ин ғазал дорои ифодаҳои мармуз буда, ҷон додан киноя аз фонӣ шудан аст, ки василаест барои ворид шудан ба олами бақо. Инчунин, мурдан тибқи истилоҳ тард ва рондагиро гӯянд аз ҳазрати Ҳақ субҳона ва аз ҳақиқат баид нест, ки шояд шоир ҳамин маъниро дар назар дошта бошад:

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад

мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во

ғариб!

Албатта, хонандагони нисбатан ноогоҳ аз ин ғазали мармуз хулосаи сатҳӣ мебароранд ва гумон мекунанд, ки шоир дар ғарибиву бекасӣ ва бечорагиву маҳрумиятҳои моддиву маънавӣ хориҳо дидаву азиятҳо кашида, умри азизи хешро барбод дода бошад. Дар асл чунин набуд, зеро Шайх Камол дар муҳоҷирати худ аз зодгоҳаш дучори хориву зориҳо нашудааст. Зеро ӯ дар мулки бегона ҳам соҳиби мартабаи баланд буд ва ҷоҳу ҷалолу мартабаи воло дошт, пири ихлосмандону пайравон ва иродатмандону муридони ниҳоят зиёде буд. Ба қавли шоире:

Хории ғурбат набинад, ҳар киро ҷавҳар

накуст,

Лаъл чун аз кон баромад, дар миёни зар

нишаст.

 

Равшани Ҳамроҳ

шоир, номзади илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш