Нашрияи Омӯзгор

Камоли Хуҷандӣ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 855        Шарҳ: 0

 

Чаҳор ғазал

 

Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро,

Аз ту чун пӯшам, нигоро, дӯст медорам туро.

 

Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,

Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.

 

Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷон шав муқим,

Гар дар ин ҷойӣ в-ар он ҷо, дӯст медорам туро.

 

Орам ояд пеши сарву  лола рафтан дар чаман,

То бад-он рухсору боло дӯст медорам туро.

 

Гар набошӣ дӯстдорам, дӯст дорам ҳамчунон,

З-он ки ман бе ин таманно дӯст медорам туро.

 

Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дӯст,

Худ мани бедил на танҳо дӯст медорам туро.

 

Гуфтаӣ: Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,

Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.

 

***

Он сарв, ки омад бари мо, аз чамани кист?

В-он ғунча, ки дилҳо шуд аз ӯ хун, даҳани кист?

 

Он мева, ки аз боғи биҳишт аст дарахташ,

Наздики даҳан омада себи зақани кист?

 

Чун талъати хуршед, ки пӯшид ғубораш,

Зери хати райҳон рухи чун ёсамани кист?

 

Дар домани гул чок фитодаст зи ҳар сӯ,

Эй боди сабо, бӯйи ту аз пираҳани кист?

 

Он хирқа, ки аз дасти ту садпора набошад,

Дар савмаъа аз гӯшанишинон ба тани кист?

 

Ҳар ҷома, ки бошад ба тан, аз об шавад тар,

Он об, к-аз ӯ ҷома нашуд тар, бадани кист?

 

Аҳсант, Камол, ин на ғазал, оби ҳаёт аст,

Имрӯз бад-ин лутфу равонӣ сухани кист?

 

***

Ин меваи ширин магар аз боғи биҳишт аст?

В-ин ҳури биҳишт аз шакари ноб сириштаст?

 

Дар боғи биҳишт ин қаду рухсор надиданд,

Ин сарв кӣ биншондаву ин лола кӣ киштаст?

 

Ин ҷо сухани сарв нагӯем, ки паст аст

В-ин ҷо сифати моҳ нахонем, ки зишт аст.

 

Мо равза нахоҳем, ки ҳар ҷо чу ту ҳурест,

Савганд ба хоки сари кӯят, ки биҳишт аст!

 

Хатте, ки лабат дар назар овард чу ёқут,

Инсоф тавон дод, ки Ёқут навиштаст.

 

Хишти дари худ бар сари ошиқ мазан, эй дӯст,

Моро зи сари хеш чӣ ғам, ҳайф зи хишт аст.

 

Аз хирқа танат дид, Камол, он буту мегуфт:

Ин риштаи борик дар ин хирқа кӣ риштаст?

 

***

Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,

Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.

 

Рӯзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон

Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?

 

Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,

Гуфто: Даво-т чун бинависам, давот нест.

 

Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,

Рӯзе, ки дар вафо-т бимирам, вафот нест.

 

Бар даври оразат хати сабзе, ки шуд падид,

Мазмуни хат ҳамин, ки ба ошиқ наҷот нест.

 

Гуфтам: Закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ.

Гуфто: Бирав, Камол, ки вақти закот нест.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш