Бисту нуҳ соли истиқлолии давлатӣ, ба таъбири Пешвои миллат, «марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳими тақдирсози халқи мо мебошад».
Дар таҷрибаи давлатдории халқҳои ҷаҳон кам иттифоқ афтодааст, ки дар чунин фосила душвортарин ҷодаҳо сипарда шавад ва маҷмӯи ибтикороти азим дар масири давлатсозӣ амалӣ гардад. Тоҷикон аз оғози Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ, паём ва фарҳанги сулҳи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиати ӯро дар хусуси аз ҳама ғаразу манфиатҳои ҳизбиву табақотиву гурӯҳӣ болотар гузоштани ягонагии миллӣ бо ҳусни ихлос истиқбол намуданд.
Сиёсати фарҳангдӯстона ва тамаддунпарваронаи Президенти мамлакат барои тақвият, мустаҳкам гардидани ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нигаронда шуда, ҳисси ватандӯстии насли наврас ва ҷавононро бедор намудааст.
Дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии иҷтимоиву иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон мушкилоти зиёде паси сар шуданд, аммо мушкилоту муаммоҳое ҳастанд, ки роҳи ҳалли онҳо дар нақшаю барномаҳои давлатӣ таҷассум ёфтаанд.
Дар соҳаи маориф низ дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Айни замон бештар аз чил муассисаи олии касбӣ барои омӯзиши ихтисосҳои гуногун бо тамоми шароити техникии ҳозиразамон муҷаҳҳазанд ва ҷавонон дар ин муассисаҳо дониш андӯхтаву касбу ҳунарҳои заруриро азхуд мекунанд. Солҳои охир, вобаста ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат соҳаи маориф хеле рушд ёфта, шароити созгор барои таълиму тарбияи насли наврас ба миён омад, омӯзгорони зиёде аз нав рӯ ба мактаб оварданд ва омӯзгорони ҷавон ба кор шурӯъ карданд. Аксари таълимгоҳҳо бо омӯзгорон таъмин гардиданд. Сарвари давлат таъкид намудаанд: «…таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад». Аммо сатҳи маҳорати касбӣ ва донишандӯзии омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони ҷавон бозгӯи талаботи замони муосир нест. Аксари омӯзгорон аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барканор мемонанд, ба худомӯзӣ чандон эътибор намедиҳанд.Ин ҳолат, албатта, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи шогирдон бетаъсир намемонад.
Вобаста ба забономӯзии наврасону ҷавонон низ бояд тадбирҳои муассиру самарабахш андешид, зеро ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмилу таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ қабул шуда бошад ҳам, то ҳол дар ин самт фаъолияти таълимгоҳҳо ба талаби рӯз ҷавобгӯ намебошад.
Аксари ҳалли масоили марбут ба рушди ҷомеа аз омӯзгор вобастагии калон дорад. Мо бояд дар ҳама маврид барои шукуфоии диёру мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолият ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳон талош биварзем.
Ҷаъфар ҚОДИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр