12 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар бораи вазъи мураккаби сиёсӣ, низоъҳои солҳои охир, авҷгирии ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар баъзе кишварҳои олам ибрози ақида намуданд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид карданд, ки ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам ва вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон моро водор месозад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастоварди зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.
Аз тариқи телевизион, радио ё рӯзномаву маҷаллаҳо аз нооромию дар гирдоби ҷангҳои дохилӣ ва беруна мондани баъзе аз давлатҳои оламро мебинаму мешунавам, оромию осудагии ватани азизамро пеши назар оварда, бори дигар муҳаббату самимияте, ки нисбат ба ватанам дорам, дар ниҳоди фузун мегардад. Мутаассифона, то ҳол дар ҷомеаи мо ҳастанд афроди гумроҳгаштае, ки ба қадри ин ҳама ободиву осудагӣ намерасанд ва аз надоштани донишҳои зарурии ҳуқуқӣ, динӣ, сустиродагӣ ва зудбоварии баъзе аз ҷавонону наврасон истифода бурда, онҳоро барои амалӣ намудани амалҳои зишту нопок ва ҳамроҳ гардидан ба ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар хоки дигар давлатҳо ва ноором сохтани ҳаёти осоиштаи халқҳои ҷаҳон истифода мебаранд.
Дар аксар маврид ифротгароён зери шиорҳои дини ислом баромад менамоянд. Онҳо аз номи дин сухан мегӯянд ва амали онҳо пеш аз ҳама, ба онҳое таъсир мерасонад, ки хеле зудбоваранд ва дониши кофии динӣ надоранд. Дини ислом, қуръон, ҳадис ва ҳидоятҳои маърифатию ахлоқии он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфтааст. Инчунин, дини ислом шарт ва зарур будани пойдории сулҳ, оромӣ, амният,осоиштагӣ, ризоият, таҳаммул, тоқатпазирӣ, ҳурмати падару модар ва адлу адолатро дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Ҳар фарди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ талош варзаду худро масъул донад.
Баҳриддин Муҳиддинзода,
корманди шуъбаи
арзёбии таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр