Нашрияи Омӯзгор

Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат оғози фаъолият кард

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

8 октябри соли равон дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълим дар он шинос шуданд.

Литсейи мазкур аз ҷониби оилаи Зокировҳо дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, дар он ҷавонон аз рӯйи хизматрасониҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва туризм соҳиби ихтисос мешаванд.

Дар литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат аз рӯйи 8 ихтисос таълим роҳандозӣ шуда, муассиса имконият дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад. Литсей дорои 23 синфхона буда, 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳази дигар низ дар дохили он ташкил шудааст. Дар озмоишгоҳҳои замонавӣ таълимгирандагон нозукиҳои хизматрасониву оростани дастархон, тарзи омода кардани шириниву дигар анвои хӯрданиро аз бар намуда, барои таҳсилгирандагони системаи компютерӣ ва интернет-технология синфхонаи алоҳида, ки бо компютерҳои ҳозиразамону дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошад, ташкил гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, дар литсей шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои ошпаз, ошпаз - қаннод, роҳбалад, тур-оператор, турагент, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ва дӯзандагӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи соҳибкасб намудани духтарону занони хонашину бешуғл зоҳир гардида, дар ин замина дар муассисаи нав курсҳои кӯтоҳмуддати думоҳа ташкил шудааст. Феълан аз ҳисоби нафарони бешуғл панҷ гурӯҳ барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст. Аснои боздид Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш