Нашрияи Омӯзгор

Туҳфа ба 150 нафар ятими кулл 

Сана: 2020-10-23        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

15.10.2020, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии Суғдиёнро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои ин марказ аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ки дар дохили он ду адад лифт насб шуда ба коргарону мизоҷон хизмат мерасонад.
Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар саросари кишвар мағозаҳои фуруши қолин таъсис диҳанд.
Дар ошёнаи дуюми Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳ намудани иншооти мазкур бо 150 нафар ятими кул суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд.
Дар ошёнаи сеюми Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён  коргоҳи дузандагӣ ташкил ёфтааст, ки дар он 100 нафар духтарону занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар маркази савдою хизматрасонии "Суғдиён" баъди васеъ намудани самти фаъолият дар оянда имкон аст, ки то 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таьмин гарданд.
Бинои муҳташами Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён дар шафати роҳи асосии Хуҷанд – Ғафуров ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Мирзобаҳодуров Бахтиер ва Мирзобаҳодуров Мирзоабдураҳмон бунёд гардидааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш