Нашрияи Омӯзгор

БУЛБУЛИ ҒАЗАЛХОНИ ЧАМАНҲОИ ХУҶАНД

Сана: 2020-10-24        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) чунин иттилоъ зикр шуда буд: «Бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард». Ҳамбаста ба ин иттилоъ Пешвои миллат таъкид бинмуданд: «Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад». Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри бостонии Панҷакент ва дар саросари ҷумҳурӣ 5500-солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд ва бо иштироки Сарвари кишвар таҷлил гардид. Ин тантана фарҳангу тамаддуни тоҷиконро бори дигар ба оламиён ба таври барҷаста муаррифӣ намуд. Ва инак, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд боз ҳам бо ҳузури Пешвои миллат ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд. Дар таҷлили солгарди фархундаи шоири тавоно, ҳамчунин, гурӯҳи калони аҳли илму адаб аз муассисаҳои илмию адабию фарҳангии пойтахти ҷумҳурӣ ва намояндагон аз тамоми манотиқи мамлакат ширкат варзиданд.
Муҳимтарин тадбири идона баргузории Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ зери унвони «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» буд, ки дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷараён ёфт. 
Дар оғози симпозиум суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд. Сарвари давлат иштирокдорони симпозиум ва аҳли кишварро ба ифтихори 700-умин солгарди шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик, яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёту фарҳанги Шарқ Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик намуданд. 
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, ҳамзамон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад. Баргузории ҷашнҳои солгарди абармардони миллат Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хисрав, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқамон дар дарозои 20 соли охир дар боло бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, ба вижа, насли наврасу ҷавон нақши бориз гузошт. 
Зимни суханрониашон Сарвари кишвар, ҳамчунин, иброз доштанд, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост ва беш аз ҳазор ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми бағоят бузург гузоштааст. Камол дар ғазалҳояш бештар ишқро тараннум карда, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба манфиати ҷомеа ва ба ахлоқи писандида доштан даъват менамояд. Президенти мамлакат вобаста ба тарғибу ташвиқи асарҳои баландғояи шоирони классик ва муосир зарур донистанд, ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмондани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бояд ба роҳ монда шавад. Пас аз анҷоми суханронии Сарвари кишвар бо иштироки аҳли зиё, меҳмонон аз хориҷи кишвар ва фаъолони вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукӯҳ ба ифтихори ҷашн намоиш дода шуд. Дар симпозиум ба самъи ҳозирин табрикоти видеоии Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одрӣ Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бини Муҳаммад ал-Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ бошукуҳ таҷлил кардани ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ пешкаш гардид. 
Дар идомаи қисмати аввали симпозиум суханронии президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва доктори илми филология, профессор Фахриддини Насриддин доир ба паҳлуҳои умда ва махсусиятҳои эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ шунида шуд. 
Дар доираи қисмати дуюм дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаҳои кории Симпозиуми байналмилалии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ” дар ду бахш: «Муҳити илмӣ ва адабии замони Камоли Хуҷандӣ» ва «Нақши Камоли Хуҷандӣ дар рушди адабиёти тоҷик» баргузор гардиданд. Дар кори ин ҳамоиши бошукӯҳ олимон ва пажӯҳишгарони мамлакат ва кишварҳои хориҷ иштирок намуданд. 
Аз ҷониби олимон, адибон ва шоирону нависандагон перомуни масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд. 
Дар бахши “Муҳити илмӣ ва адабии замони Камоли Хуҷандӣ” бештар масоиле амсоли маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар баёни матлаб, ҷойгоҳи ӯ дар барнома ва китобҳои дарсӣ, нуфузи шеъри шоир дар адабиёти тотор, андешаи миллӣ ва афкори ватандӯстӣ, таъбирҳои арабӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ ва мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Бахшида ба ҷашни 700-солагии шоир дар Боғи Камоли Хуҷандӣ, дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар чанде аз муассисаҳои илмию фарҳангии маркази вилояти Суғд ҳамоишу тантанаҳо, намоиши китобҳо, ҳунарҳо ва дастовардҳои ҳунармандон баргузор карда шуданд. маросими гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ ва зиёрати оромгоҳи рамзии шоир низ хеле муассиру хотирмон буд.
Ҷашни солгарди шоири маъруф Камоли Хуҷандӣдар сатҳи баланд баргузор шуд ва он посухи шоистае гашт ба гуфтаҳои зерини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем».

Абдурауф МУРОДӢ,
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор» 


 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш