Дар ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) вазъияти дунёи муосир ноустувор ва пурталотум мебошад. Як қатор равандҳое ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Терроризм ва экстремизм, нашъамандӣ, авҷ гирифтани касалиҳои сирояткунанда, пайвастани одамон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни динӣ, гармшавии иқлими сайёра аз ҷумлаи ин равандҳои хатарзо мебошанд.
Барои ба мақсадҳои нопок ва манфиатҳои шахсияшон расидан гурӯҳҳои террористии тундрав ба ақидаҳои динии одамон таъсири манфӣ расонда, онҳоро бо ҳар тарзу услуб ба вартаҳо мекашанд. Онҳо барои ба боварии одамон сазовор гаштан одатан дини мубини исломро истифода бурда, аз забони ислом ба одамон суханони назарфиребонаи пурғараз мегӯянд.
Ислом дини пок асту бо ифротгароӣ ҳеҷ алоқае надорад. Тамоми мантиқи ислом ва фалсафаю мақсади он бар пояи адолат, баробарӣ, инсондӯстӣ, озодӣ, амният устувор буда, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид шудааст. Ислом дини дӯстию рафоқат ва бародарист.
Солҳои охир, мутаассифона, чанде аз ҷавонони кишварамон ба доми фиреби гурӯҳҳои террористии тундрав гирифтор ва ба ҷабҳаи ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афгонистон кашида шуданд.
Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва трансмиллӣ мардумро бо ҳар роҳ мефиребанд. Масалан, сараввал ба онҳо микдоре маблағ дода, ба тарафи худ мекашанд, баъди узви гурӯҳҳои худ намудани ин одамон онҳоро бо маблағи калон ба хоҷаҳои ифротии худ мефурӯшанд. Ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо мепайванданд, то аз асли ҳол хабардор мегарданд, ки як қисмашон дар ҷангҳо ҳалок мешаванд.
Мақсади ин гурӯҳҳои тундрав таҳдид, зӯроварии ҷисмонӣ, бавуҷудоварии ҳолатҳои бенизомӣ дар дохили кишварҳои амн, вайрон кардани сохтори конститутсионӣ, барангехтани низоъҳои динӣ – иҷтимоӣ, расонидани зарари иқтисодӣ ва монанди инҳо мебошад. Дар натиҷаи чунин нооромиҳо ва вайронкориҳо имрӯзҳо ҳазорон нафар одамони бегуноҳ (аз ҷумла, кӯдакон) ҷони худро аз даст дода, шаҳрҳои ободу ором валангор мегарданд.
Созмони Милали Мут-таҳид чун ифодагари иродаи аҳли сайёра ҳама намуди зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, амалҳои экст-ремистиро қатъиян маҳкум менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ бо чӣ роҳе ба даст овардаву тақвият бахшида шуд. Солҳои охир кишварамон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Дар мамлакат бунёдкорию созандагӣ дар авҷ аст. Шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрави ифротгаро омили хатаровар барои ҳастии миллату давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар, ки ояндаи мо аз онҳо вобаста аст, бояд ба омӯхтани илму дониш ҷиддан машғул шаванд. Онҳо бояд лаҳзае ҳам зиракии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва фирефтаи гурӯҳҳову афроди ифротгаро нашаванд.
Ҳамагон бояд ба муқобили терроризм ва экст-ремизм мубориза бурда, нагузорем, ки нохалафе фазои Ватани озоду маҳбубамонро тира созад.
Нуриннисо Акрамова,
директори литсейи ДСХ,
Насрулло Нуруллоев,
омӯзгори технологияи
иттилоотии литсей
Иловакунӣ
Иловакунии фикр