Нашрияи Омӯзгор

Арзёбии адабиёти кӯдакона

Сана: 2020-10-24        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

Дар толори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ дар мавзӯи «Арзёбии адабиёти кӯдакона» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он кормандони илмии АТТ, ПРМ, МҶТМ ва намояндагон аз муассисаҳои таълимӣ ширкат намуданд. Президенти АТТ, академик Ғ. Бобизода мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин чорабинӣ дар партави озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки дар сартосари ҷумҳурӣ баргузор мегардад, хеле муфид ва саривақтӣ мебошад. Ин ташаббуси Пешвои миллат дар байни мардум ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард ва барои дарёфти истеъдодҳо нақши муҳим бозид. Муовини директори ПРМ, номзади илмҳои педагогӣ С. Туронов зикр намуд, ки имрӯз мутахассисони АТТ ва ПРМ дар баробари арзёбии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводи таълим ба арзёбии адабиёти бадеӣ низ машғул мешаванд. Ин амр аз мутахассисон тақозо мекунад, ки аз тарзу усулҳои арзёбии адабиёти бадеӣ, аз ҷумла, адабиёти кӯдакона бохабар бошанд. Ноиби президенти АТТ, академик Ирина Каримова гуфт, таҳаввулоти босуръат дар ҷаҳони имрӯз ба ҷаҳонбинии кӯдакон бетаъсир намемонад. Мо хуб медонем, ки кӯдак, агарчи инсони кучак аст, неруи зиёд дорад, вай зуд инкишоф меёбад. Имрӯз мо ба китобҳое ниёз дорем, ки дар онҳо баробарии гендерӣ ва эҳтиёҷоти кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ба эътибор гирифта шавад. Муҳиддин Зиёев, мутахассис оид ба таҳияи маводи хониши лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем”, дар мавзӯи “Равандҳои муосири эҷоди асарҳои кӯдакона” суханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои омӯзиши бозори 
китоби кӯдакона дар ҷумҳурӣ маълумот дод. Ӯ таъкид кард, ки барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси кӯдакон ба китобхонӣ дар баробари мавзӯъ ва мундариҷаи китоб ороиши типографии он – бо тасвирҳо пурра кардани муҳтавои китоб низ нақши муҳим дорад. Номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоии ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ Шарифамоҳ Котибова зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии арзёбии асарҳои кӯдакона” ҳозиринро бо муҳимтарин роҳҳои арзёбии китоби кӯдакона шинос намуд. Ӯ оид ба тарзи арзёбии китобҳои кӯдакона, аз ҷумла, муайян кардани навъ ва ҳаҷми китоб, мутобиқати он ба хусусиятҳои синнусолии хонандагон, хусусиятҳои арзёбии техникии китоб, меъёрҳои забони асар ва ғайра муфассалан маълумот дод. Номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии АТТ Азим Байзоев дар мавзӯи «Арзёбии адабиёти кӯдакона ҳунар аст» маърӯза карда, роҷеъ ба вазъи кунунии арзёбӣ ва ташхиси китобҳои бадеӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо андешаҳои ҷолиб ироа намуд. Ӯ қайд кард, ки на ҳама муқарризи хуб буда метавонад, аммо ҳамаро маҷбур мекунанд, ки бо ин кор машғул шаванд, вале барои ташхиси китобҳо вақти кофӣ ҷудо намешавад. Ин амал сарбории иловагӣ барои кормандон буда, пардохти ҳаққи қалами муқарриз дар назар дошта намешавад. Дар охир дар байни иштирокчиёни мизи мудаввар саволу ҷавоб ва табодули назар оид ба масъалаҳои гуногуни арзёбӣ, аз ҷумла, арзёбии китобҳои кӯдакона, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид дар ин самт баргузор гардид.

 

Сайфиддин КАМОЛЗОДА, корманди АТТ,

Шодӣ РАҶАБЗОД,

“Омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш