Нашрияи Омӯзгор

Таҷлили ҷашн дар пойтахт

Сана: 2020-10-25        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Фестивали мазкурро Вазорати кишо варзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор намуданд. Деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон, ҳамчунин, аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода ва манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода иштирокдорони намоишро ба муносибати ҷашн шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон аз рӯйи 22 номинатсия масъулони вазорату идораҳоро бо диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонид. Бояд гуфт, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш