Нашрияи Омӯзгор

МАБЛАҒ: дарёфт, эҳтиёт ва сарфи он дар мактаб

Сана: 2020-10-27        Дида шуд: 870        Шарҳ: 0

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2007 «Оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» қарор қабул карда буд. Бо вуҷуди он ки дар ин самт фаъолият дуруст ба роҳ монда шудааст, боз ҳам баъзе масъалаҳое пайдо мешаванд, ки ҳалли онҳо таваҷҷуҳи хоси коршиносонро тақозо доранд. Қарори Ҳукумат ҳам бо мақсади такмили механизми маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва истифодабарии самараноки маблағҳои буҷети давлат қабул шудааст. Дар ин замина вазоратҳои маориф ва молия соли 2010 Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баъдтар, (2 ноябри соли 2015) қарор “Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлати таълимии томактабӣ”, Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабиро қабул карданд.

Ҳоло ба чанд масъалае дахл мекунем, ки ҳалли онҳо метавонад дар устувор гардондани робитаи оила-мактаб, баланд бардоштани фарҳанги иқтисодии роҳбарони муассисаҳо ва падару модарон, ҳавасмандгардонии омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва  ҷалби ҷомеа ба мактаб мусоидат намояд. Аввал, чанд сухан дар бораи нокифоя будани маблағҳои бюҷетӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ва сарчашмаҳои истифоданашудаи рушди маблағгузории соҳа. Тавре аён аст, ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ афзоиш меёбад. Албатта, барои бартарӣ додан ба ин соҳа зарурат зиёд буд, чунки рӯз то рӯз афзоиши аҳолӣ, бунёди бештари муассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби дигар, талаботи ҷомеаи муосир ва ҳавасмандии ҷавонон ба таҳсил тақозои таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва омода намудани мутахассисони навро ба миён гузошт. Чунин эҳтиёҷот зарурати маблағҳои бештар ҷудо намудан ба соҳаи маориф ва ҷорӣ кардани низоми маблағгузории сарикасиро таҳким бахшид. Дар “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018” омада буд, ки Ҳукумат баҳри ба танзим даровардани таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисон, сарборӣ ва музди меҳнати омӯзгорон тавассути амалӣ гардондани механизми маблағгузории сарикасӣ (яъне, маблағ ба ҳар як хонанда) ва беҳтаршавии вазъияти молиявӣ мусоидат менамояд. Ҳадафҳои интихобшуда дар муқоиса то андозае ҳалли худро ёфтанд. Масалан, барои бартараф намудани норасоии омӯзгорон чанд тадбир андешида шуд. Якум, чопи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ҳам дар макотиби олӣ  ва ҳам миёнаи умумӣ беҳтару дастрастар шуда, аз лиҳози мазмун рӯ ба беҳӣ овард. Дуюм, курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои омӯзишӣ фаъолтар гаштанд. Сеюм, фаро гирии омӯзгорони бемаълумот ба таҳсилоти олӣ вусъат ёфт. Музди меҳнати омӯзгорон сол то сол афзуд. Албатта, ҷое, ки маблағ аст, атрофи он ҳарф зиёд аст. Ин маъниро соли 2011 мо дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” (№46) бо иштироки мутахассисон дар суҳбати гирди миз баррасӣ карда будем (“Маблағ: эҳтиёти он, эҳтиёҷ ба он” №46, 11.11.11). Ҳадафи мо рушди маърифати молиявии алоқамандони соҳа аз забони мутахассисон буд. Дида мешавад, ки аз он вақт то имрӯз тағйирот зиёд аст: Дастурамал дигар шудааст, мактабҳо хеле обод шудаанд, маърифати молиявии роҳбарони муассисаҳо такмил ёфтааст, кӯдакистонҳо ҳам ба ин низом гузаштанд, аммо боз ҳам эътирозҳо ба гӯш мерасанд. Норозигии бисёре аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳӣ он аст, ки қисман раёсатҳои молия то ҳанӯз масолеҳи даркориро худ харидорӣ менамоянд. Дар ҳақиқат, “Муассисаҳои таълимии як қатор шаҳру ноҳияҳо расман мустақилияти молиявӣ гирифта бошанд ҳам, дар амал раёсатҳои молия, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба интихоб намудани  ширкатҳое, ки таъмир мегузаронанд ва  мактабҳоро бо мол таъмин менамоянд, дахолат мекунанд“, таъкид кардааст дар мусоҳибааш бо „Омӯзгор“ ҳамоҳангсози миллӣ оид ба маблағгузории сарикасӣ Санавбар. Ин ҷо ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдор ба роҳбарони мактаб бобати мақсаднок сарф кардани маблағ чандон  эътимод надоранд. Аз тарафи дигар, барои шинохтани масолеҳи зарурӣ мутахассисоне даркоранд, ки онҳо дар мактаб нестанд. Чанд омил мавҷуд аст, ки барои боз ҳам хубтар шудани фаъолияти ин низом таъсири судманд мерасонад. Масалан, чаро вақте сарчашмаҳо ҳастанд, аз онҳо истифода намебарем? Сарчашмаи аввал АВО-ҳо буда метавонанд. Дар Дастурамал барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳуқуқҳои Ассотсиатсияи падару модарон ва омӯзгорон (Кумитаи падарону модарон, Шӯроҳои ҷамъиятии волидайн) чунин нишон дода шудааст: 1.  Дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таҳсилоти умумӣ иштирок намоянд; 2.  Барои  беҳтар  намудани  заминаи  моддӣ  –  техникии  мактаб  мусоидат намоянд;  3.  Дар бонкҳо суратҳисоб кушоянд; 4. Аз ҳисоби пардохтҳои аъзогӣ  ва  ё  дигар  сарчашмаҳо  фондҳо  ташкил диҳанд; 5.  Лоиҳаи аз ҷониби директор пешниҳодшудаи буҷетро баррасӣ намоянд; 6. Барои баррасӣ ба маъмурияти мактаб оид ба истифодаи маблағҳои буҷавӣ дархосту таклифҳои худро пешниҳод намоянд; 7.  Оид  ба  буҷети  мактаб  ва иҷрои  он  аз  маъмурияти  мактаб  ахборот  талаб намоянд. Оё падару модарони мо чунин фаъолият нишон медиҳанд? Агар ҳа, чӣ гуна, агар не, чаро? Омӯзгор аз шаҳри Душанбе Муҳаммад Шодиев бар ин назар аст, ки дар муассисаҳо АВО ба ном амал мекунад. “Ёдатон бошад, 4-5 сол пеш аз ҳисоби АВО муассисаҳо дарсҳои иловагиро ба роҳ монда буданд, вале ин натиҷаи мусбат надод, мегӯяд ӯ. Зеро омӯзгорон маоши дарсҳои иловагиро сари вақт гирифта наметавонистанд. Дар натиҷа аз он даст кашиданд. Дар баъзе муассисаҳо мушоҳида кардам, ки аксарияти волидайн рисолати АВО-ро дар самти таҳия ва хароҷоти бюҷет намедонанд. Ҳолатҳое ҳам ҷой доранд, ки пули мондаи АВОро бозпас ё худ барои шикасту рехти мактабҳо гирифта намешавад, чун иҷозат нест. Дар ҳамин ҳол баъзе директорону муҳосибон таҳияву пешниҳоди барномаю лоиҳакашиҳои зиёдро намехоҳанд, зеро пули ночиз асту меҳнати сангин.” Ба гуфти омӯзгори собиқадори шаҳри Исфара Мукаррамхӯҷа Мелиев ҳам, фаъолияти АВО дар пешравии таълиму тарбия чандон назаррас нест. Маърифати молиявии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ коста аст, чӣ расад ба падару модарон? – таъкид мекунад ӯ. 
Ин ки АВО-ҳо суратҳисоби худро доранд ва оё маблағи ба он воридшударо соҳибӣ карда метавонанд, низ ҷолиби диққат аст. Дар ҳақиқат, АВО-ҳо зерсуратҳисоби худро дар мактабҳо доранд. Тавре мусоҳибони мо зикр карданд, ин ниҳод аксаран суратҳисоб дорад, аммо дар сарфу истифодаи маблағ мавқеи онро касе ба инобат намегирад.  Масъалаи аъзоҳаққӣ супоридан ба мактаб мавзӯи баҳси ҳамешагии падару модарон аст. Гап сари он ки Шӯрои АВО барои ин масъала қарори махсус мебарорад, аммо ба сабаби он ки падару модарон аксаран дар шӯроҳо ширкат намеварзанд, эътироз баён мекунанд. Агарчи дар баъзе муассисаҳо зиёдаравӣ бобати маблағситонӣ ба чашм мерасад, бояд иқрор шуд: худи падару модарон масъулияти худро дарк намекунанд, ба мактаб намераванд, дар дарси фарзандон иштирок намекунанд... Ҳол он ки бо дастгирии онҳо маблағҳо мақсаднок сарф шуда, эътирозҳо аз байн мераванд, бо ин роҳ метавон сарчашмаҳои дигарро низ пайдо кард, масалан, дар таҳияву дастгирии лоиҳа ё ҷалби эҳсонкорон. Яъне, барои рушди сифати таҳсилот ва мактаб мо сарчашмаҳои иловагӣ пайдо мекунем. Тавре собиқадорони маориф Ҳабиб Искандаров ва Соҷида Акаллаева (равонашон шод бод!) борҳо аз минбари нашрияҳои соҳаи маориф иброз намудаанд, барои ин мебояд ба фаъолияти донишгоҳҳои волидон (университетҳои падар модарон) таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард. Он гоҳ барои расидан ба ҳадаф монеа намемонад.  Аз таҳлили масъалаҳои зикршуда бармеояд, ки мушкилӣ дар дигар ҷост. Чунончи: • пешниҳоди барғалати сметаи хароҷот аз ҷониби роҳбарони мактабҳо; • тақсимоти нодурусти маблағ ба мактабҳо аз тарафи раёсатҳои молия; • ба инобат нагирифтани меъёри маблағгузории хонандагон бо назардошти арзиши бюҷет ва баланд бардоштани музди меҳнат. Бовар кардан мумкин аст, ки бо истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар Тоҷикистон низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки механизми асосии тақсимоти маблағҳои буҷетии соҳаи маориф аст, дар роҳи иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди маориф таъсири хуб мерасонад. Аз ин рӯ, беҳтарин кор таҳияи  ҷадвали намунавии воҳидҳои кории мактабҳо, ҳамоҳангии мактаб бо раёсати молия ва шуъбаи маориф аст, он гоҳ ҳангоми таҳияи смета нақшаҳо хуб ва ҳадафнок тарҳрезӣ мегарданд., Дигар, ба таъкиди устод Ҳабиб Искандаров: “Маводи илмӣ-методии мансуб ба маблағгузории сарикасиро омӯхта, дар амал аз онҳо истифода намоем ва маблағҳои буҷавиро сарфакорона истифода барем” (аз китоби “Ҳикмати рӯзгор”). Савум, ташкили бештару беҳтари семинарҳои омӯзишӣ бо муҳосибону директорон. Чаҳорум, гузаронидани таҳлилҳо дар робита ба иҷро нашудани банди 2.4-и Дастурамали маблағгузории сарикасӣ (Пас аз азнавтақсимкунии маблағҳо аз ҷониби  мақомоти  молияи  шаҳр/ ноҳия мактабҳо  бояд  на  камтар  аз 95 фоизи буҷети меъёриро, ки тибқи банди 2.1-и ҳамин дастур  ҳисоб  карда шудааст,  гиранд.  Мутаассифона, ин банд аз ҷониби раёсатҳои молияи  шаҳру ноҳияҳо риоя карда намешавад.) ва натиҷагирӣ аз онҳо омили дигари ислоҳи кор аст. Ба таъкиди коршиносон, беҳтарин омили дигар интиқоли бевоситаи маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба мактаб аст, ки дар роҳи бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта мусоидат карда метавонад. Маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳам роҳандозӣ гардид ва аллакай натиҷаҳои дилхоҳ ҳам овард. Бовар дорем, дар солҳои наздик монеаҳо атрофи мушкилоти ҷойдошта аз байн мераванд.

Саида НАБИЗОДА,

сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”,

Аълочии маорифи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш