Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои дарсӣ намерасанд. Чаро?

Сана: 2020-10-26        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

На ҳамаи омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Бохтар сари вақт китобҳои дарсиро дастрас мекунанд ва ё ба таври даркорӣ аз чунин китобҳои дарсӣ истифода карда метавонанд. Сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти дастрасии китобҳои дарсӣ дар чист? Барои посух ёфтан ба ин савол мо бо чанд тан аз мутасаддиёни соҳаи китоб дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳамсуҳбат шудем. 
Муҳаммад Шокирзода, корманди  соҳаи маориф, қайд кард, ки дар бахши  китобдорӣ норасоӣ ва мушкилоту нофаҳмиҳои зиёде вуҷуд дорад. Ҳамасола ба муассисаҳои таълимӣ китобҳои зиёде ворид мешаванд, аммо китобҳое, ки заруранд, нокифоя ва дастнорас боқӣ мемонанд. Ҳамзамон, дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳайси китобдор нафари ғайриихтисос ва дар хусуси китобу китобдорӣ тасаввурот надоштаро вобаста мекунанд, ки ин боиси беназоратӣ, нофаҳмӣ, фарсудагӣ ва норасоии китобҳои дарсӣ мегардад. Омӯзгор Қосимбек Давлатзода гуфт, ки барои беҳтар ба роҳ мондани соҳаи китобдорӣ ва аз байн бурдани мушкилоти соҳа, аввал бояд китобдорони тахассусманд ва болаёқатро дарёфт кард. Зеро тамоми самтҳои кори китобдорӣ ба китобдор вобастагии калон дорад. Аксаран бо сабаби дуруст ба роҳ намондани кор, беназоратӣ дар тақсимот, баиҷорадиҳии китобҳои дарсӣ ва китобҳои зиёда аз се сол истифодашуда, нигоҳдорию ҳолати китобҳо ва дигар самтҳои фаъолият китобдорон вазифаву уҳдадориҳои худро дуруст иҷро карда наметавонанд. Шамсия Раҳмонова, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Норак оид ба вазъи таъмини китобҳои таълимӣ дар таълимгоҳҳои шаҳр зикр намуд, ки норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар асоси таҳлилҳои мо дақиқ гардид, ки 
дар муассисаҳои таълимӣ 10 870 нусха китоби дарсӣ намерасад. 
Асосан китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои синфҳои 2,6,9 ва аз фанҳои дақиқ, физика, геометрия ва химия намерасанд. – 1745 нусха китоби дарсӣ аз фанҳои гуногун дар муассисаи таълимии №1 намерасид, – гуфт Шаҳноза Шукурова, китобдори муассисаи мазкур. – Мо оид ба норасоии китоби дарсӣ муроҷиат намуда будем. Барои соли хониши нав то имрӯз 604 нусха китоби дарсӣ ворид гардидаасту халос. Айни ҳол 1141 нусха китоби дарсӣ дар муассисаи таълимии №1-и шаҳри Норак намерасад, ки ин омил боиси нигаронии ҷиддист. Дар робита ба воридоти китобҳои дарсӣ Ш.Раҳмонова илова кард, ки барои соли хониши нав 18 ҳазору 301 нусха китобу маводи таълимӣ ворид гардид, ки аз ин 16 ҳазору 831 нусхаи онро китобҳои иҷоравӣ, 1464 нусха маводи таълимӣ ва китобҳои бадеӣ бо маблағи умумии 297 410,94 сомонӣ ташкил медиҳанд. 265 273,08 сомониро маблағи китобҳои иҷоравӣ дар бар мегирад. Ғайр аз китобҳои дарсӣ, 1340 нусха китоби бадеӣ бо маблағи 20 ҳазору 163 сомонӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидааст. Саймумин Шукуров, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, гуфт, ки ҷиҳати баландбардории дониши китобдорон ҳар моҳ семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд. Дар ҳақиқат, вомехӯранд китобдороне, ки донишу малака ва касбияташон моро қонеъ карда наметавонад, бо ин ҳама, дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мушкилоти соҳаро то андозае аз байн бурдаву сифати корро беҳтар намудан мехоҳем. Маърифат Сафарова, китобдори муассисаи таълимии №1-и ноҳияи мазкур изҳор дошт, ки бо сабаби норасоӣ ва эҳтиёҷот барои таъмини мактаб бо 2579 нусха китоби таълимӣ дархост пешниҳод гардида буд. Аз ин, 1683 нусха барои соли равон ворид карда шуд. Мутаассифона, 860 нусха китоби дарсӣ аз фанҳои гуногун намерасад. 
273 ҳазору 554 нусха китоби дарсӣ барои соли хониши имсола дар 64 муассисаи таълимӣ намерасад, – гуфт Парвиз Хисмонов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш оид ба китобҳои дарсӣ. Мавсуф илова кард, ки ба шуъба давоми соли 2020 54 ҳазору 871 ну сха китоби дарсӣ ворид гардид. Дар умум, 64 китобдор дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 38 нафар бо маълумоти олии ғайриихтисос ва 18 нафар маълумоти миёнаи махсуси ғайриихтисос, 8 нафар тахассусманд мебошанд. Барои баланд бардоштани сифати фаъолияти китобдорон, моҳи августи соли равон семинари омӯзишӣ ташкил гардид. Ин гуна семинарҳо ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа бо навбат бо фарогирии 10 нафар китобдор гузаронида мешавад. П. Хисмонов изҳор дошт, ки дар раванди семинарҳо масъалаҳои тақсимоти китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ дар соли нави таҳсил ва ташкил намудани расид оид ба пардохти он, ташкили комиссияи доимиамалкунанда оид ба тақсимот, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва ҷамъоварии китобҳои дарсӣ дар соли хониш, ҳуҷҷатгузории китобхона оид ба «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш, қайди дафтари «Инвентарӣ» ва «Дафтари иҷора» аз тарафи китобдорони муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. 


С. АЗИЗӢ, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш