Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат ба Ватани маҳбуб

Сана: 2020-10-27        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Дар тарбияи кӯдакон муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ нақши муҳим ва бунёдӣ доранд ва аз ин рӯ, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин зинаи таҳсилот боз ҳам афзудаву вазифа гузошта шудааст, ки дар тамоми манотиқи мамлакат теъдоди кӯдакистонҳо афзуда, сатҳи фаъолияти онҳо такмил бахшида шавад.

Ҳамчунин, баланд бардоштани сатҳи корбарии мутахассисони кӯдакистонҳо, махсусан, мураббиҳо хеле муҳим мебошад. Мураббиёни кӯдакистонҳо бояд мунтазам биомӯзанд, донишу маҳорати худро такмил бахшанд ва аз усулҳои таълиму тарбияи муосир васеъ истифода баранд. Аз асосҳои фанҳои педагогикаю психология ва методикаи таълиму тарбия бохабар будани кормандони муассисаҳои томактабӣ муҳим ва гарави асосии комёбии онҳову такмили фаъолияти кӯдакистонҳост. Дар муассисаҳои томактабӣ дар шумори самтҳои дигари омӯзишу парвариш ба тарбияи ватандӯстии кӯдакон бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Тамоми намудҳои тарбия аз кӯдакистон сарчашма мегиранд. Дар ин самт танҳо зарур аст, ки ба хусусиёти синнусоливу психологии кӯдакон эътибор дода шавад. Тарбияи ватандӯстӣ дар кӯдакистон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла, истифодаи шеъру мақолаҳо, ҳикояҳо, нақл дар бораи қаҳрамонони миллат, тафсири воқеаҳои ҷолиб аз таърихи кишвар, ҳикоят аз рӯи расмҳои дахлдор, саёҳат ба гӯшаҳои зебои диёр (шаҳру ноҳия), тамошои намоишҳои мувофиқ оид ба манзараҳои кишвар ва корномаи фарзандони диловари мамлакат ва амсоли инҳо татбиқ карда мешавад. Масалан, дар мавзӯи «Тоҷикистон-Ватани маҳбуби мо» муррабӣ ба кӯдакон чунин нақл мекунад: Тоҷикистон ҷумҳурии мустақилу соҳибистиқлол мебошад. Пойтахти он шаҳри Душанбест. Тоҷикистон кишвари зебою таърихӣ буда, обҳои фаровон, сарватҳои пурарзиш дорад. Дар кишвари мо мавзеъҳои зиёди таърихӣ, минтақаҳои сайёҳӣ мавҷуданд. Қисми асосии ҷумҳурии моро кӯҳҳо ташкил менамоянд. Тоҷикистон сол то сол ободу зеботар мешавад. Мо, ҳама, Тоҷикистони азизи худро дӯст медорем ва дар оянда дар пешрафти он ҳиссагузорӣ менамоем. Албатта, дар ин нақл, ки барои кӯдакони гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб пешбинӣ шудааст, на ҳама калимаҳо ба хурдтаракон фаҳмоянд. Ин гуна калимаҳоро дар давоми нақл мураббӣ ба кӯдакон шарҳ медиҳад. Дар поёни нақл мураббӣ шеъре дар бораи Тоҷикистон мегӯяд ва мазмуни онро низ тавзеҳ мебахшад. Масалан, ин қитъаи машҳурро вобаста ба мавзӯъ метавон шарҳ дод:

Ҷон Тоҷикистон,

Фарзандат ҳастем.

Дар хизмати ту

Камар бубастем.

Мураббӣ, аз ҷумла, мегӯяд, ки Ватанро сами мона дӯст бояд дошт ва дар хизмати он ҳамеша омода бояд буд. Шахси ватандӯст ҳамеша баодобу хушрафтор мешавад, ҳама ҷо ба тозагӣ ва тартибот риоя мекунад, падару модар ва калонсолонро эҳтиром менамояд, барои тозагии муҳити худ ва кӯдакистон мекӯшад, дар ситоиши Ватан шеър азёд мекунад. Сипас аз кӯдакон пурсида мешавад: Ватандӯст чӣ гуна одам аст? Пойтахти Тоҷикистон чӣ ном дорад? Оё шумо дар бораи Тоҷикистон ва Ватан шеър медонед? Ҷавобҳои кӯдаконро мураббӣ бодиққат шунида, онҳоро таҳсин мегӯяд ва даъват месозад, ки ин қитъаро аҳлона такрор ва азёд намоянд:

Ватани маҳбуби мо,

Тоҷикистони азиз,

Бошад аз барои мо

Модари ҷони азиз.

Дар тарбияи ватандӯстии кӯдакон мураббӣ бояд волидонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, бо онҳо аз ин хусус машварат орояд ва маслиҳатҳо диҳад.

Мавлуда АЛИЕВА,

мураббии кӯдакистони «Шарора» №152-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш