Агар илми ҳисоб хотираро қавӣ намояд, мусиқӣ хотираро тобу тавони дигар мебахшад, ба олами нуру зиё ва зебоӣ мепайвандад. Дар илми мусиқӣ баробари эҳсос ва дарки маънӣ, ҳисоб ҳам мавҷуд аст. Ҳафт овоз дар мусиқӣ аз пойдор будани ҳисоби математикист: до, ре, ми, фа, сол, ля, си. Асоси мусиқӣ дар ҳамин ҳафт овоз аст ва ҳамин овозҳо дар ҳафт пардаи майнаи сар ҷӯр шуда, хотираро инкишоф медиҳад. Хотира ҳар оворо, ҳар садоро ҳар наворо дар худ ҳифз менамояд ва ҳангоми иҷрои ин ё он асари мусиқӣ нақш мебозад. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки ду узви дигари инсон низ хотираро бою рангин менамояд. Яке шунавоӣ, дигаре биноӣ. Донишро чашм ба шунавоӣ диҳад, биниш хотираро ба ҳаракат меоварад ва ба хаёлоти рангин мебарад. Мусиқӣ хотирро водор месозад, ки дар зеру бамаш овозҳоро тақсимбандӣ созад ва ба як ришта кашаду бо тамоми нозукиаш ба самъи дигарон бирасонад. Хотираи қавӣ зуд оҳангҳои гуногунро дар садои зарбҳо фарқ мекунад. Дигар он ки машқу сайқали ҳунар хотираро устувор менамояд. Асоси шоҳасари мусиқии халқи мо «Шашмақом»-ро зарб ташкил мекунад. Зарби дойра моро аз як мақом ба мақоми дигар мебарад ва хотираи моро водор мекунад, ки акнун навбати дигар оҳанг ва дигар мақом аст. Мо аз таърихи адабиёт ва мусиқӣ медонем, ки абармардони илму фарҳанг ва санъат аз хурдӣ қобилияти фавқулода доштанд, дар синну соли наврасӣ бо шеъргӯию сурудхонӣ ҳамаро ба ҳайрат овардаанд. Хотираи онҳо ба дараҷае қавӣ ва баланд будааст, ки дар як дидану хондану шунидан ҳамаи он лаҳну шеъру оҳанг ва суханро аз худ мекардаанд. Хотираи наврасонро бояд бо илму дониши арзанда ва савту навои дилписанд ғизо дод. Аз ҳамин ҷиҳат бузургони илму маърифат аз хурдӣ ба фарзандонашон одоби суханварӣ, мусиқидарккунӣ, шеърфаҳмӣ ва меҳанпарастиро меомӯхтанд, аз омӯзгорони доною пуртаҷриба маслиҳат мегирифтанду ба онҳо вобаста менамуданд. Хотираро мусиқӣ бедор месозад, фаъол менамояд, ба дарки корҳои бузург раҳнамун месозад. Чун хотира дар зеру бами мусиқӣ обу тоб ёфт, барои қабули сухани баланд ва суруду таронаҳои дил писанд эҳтиёҷ пайдо мешавад ва аз онҳо ғизои маънавӣ мегирад. Аз ин рӯ, муаллимони суруду мусиқӣ барои ҷалб намудани шогирдон бояд бепарво набошанд, зеро азхуд намудани мусиқию суруд кори осон нест ва барои ин дар дили онҳо бояд меҳр, ишқ ва муҳаббатро бедор намуд. Пеш аз ҳама, хотираи онҳоро бояд дар шумораи овозҳои асосии мусиқӣ санҷид. Бояд гуфт, ки зиндагӣ мусиқӣ дорад, кас дар ҳавои он қадам мезанад ва ритмро дарк мекунад. Онҳое, ки оҳанги ҳаётро хеле амиқ дарк мекунанд, дар илми мусиқӣ ҳам бештари онҳо муваффақ мегарданд. Аз таҷрибаҳо бармеояд, ки дар сароидани сурудҳои халқӣ истеъдоди наврасони соҳибистеъдод ба назар мерасад. Аммо ҳангоми сурудани санъати касбӣ ва классикӣ истеъдоди модарзодӣ кифоя намекунад. Бояд аз наврасӣ ба машқу тамрин, омӯхтану сурудан дода шаванд. Махсусан, барои сароидани сурудҳои «Шашмақом», ки асоси матни онҳоро ғазал ташкил мекунад, хотираи бедор ва қавӣ лозим аст. Инҷо фаъолияти омӯзгор муҳим аст ва ӯ чӣ гуна метавонад хотираи шогирдро инкишоф диҳад. Аввало, бояд матнро азёд кард. Дувум, дар оҳанг суханонро тақтеъ кунад. Савум ҳису дарк нақши муҳим мебозад. Чаҳорум, ишқи савту наворо дар дили шогирд фурӯзон сохта тавонад. Ишқ ба мусиқӣ омӯзишро бештар мекунад. Ҳиссу дарк низ хотираро ба наво меоварад ва ба тозагӯию тозасароӣ раҳнамун месозад. Сароидани сурудҳои халқӣрубоихонӣ, фалаксароӣ аз кӯҳистон сарчашма гирифта, ба хотираи чун чашмаҳо софи наврасон хона месозанд. Бо як дутору даф ва як най метавонанд, роз гӯянд, қисса сароянд, меҳру муҳаббати худро ифшо созанд. Дар саргаҳи ин ҳама ишқ ба ёру диёр, садоқат ба забону таърихи ниёгон ва пайвандон қарор дорад. Ишқ ба санъат, орзую ҳаваси онҳоро ба сӯйи қуллаҳои мурод мебарад. Бояд омӯзгор бо тамоми ҳастӣ ҳамин ишқро дар дили наврасон ва шогирдони худ ҷой карда тавонад. Барои ин садои хушу хотирмон ва равшан басо муҳим аст.
Азизулло ШАРИФОВ,
устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр