Нашрияи Омӯзгор

Хати зебо ҳуснафзои инсон аст

Сана: 2020-10-29        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

Дар зинаи аввали таҳсилот таълиму тарбия махсусиятҳо ва самтҳои гуногун дораду аз омӯзгор масъулияту таваҷҷуҳи бештаре мехоҳад. Маълум, ки дар ҳама кор оғози он ба аҳамияти махсус молик аст ва кор чӣ гуна идома меёбад, чӣ натиҷае медиҳад, аз тарзи оғози он вобастагии махсус дорад. Аз ин ҷост, ки дар урфият «об аз сар бояд соф бошад» гуфтаанд. Яке аз масъалаҳои муҳим дар синфҳои ибтидоӣ таълими хат ва хатнависист. Омӯзонидани навиштани хат аз омӯзонидани шакли дурусти навишти ҳарфҳо оғоз меёбад. Хонандагон дар синфи якум зина ба зина ҳарфҳо ва навишти онҳоро меомӯзанд, машқ мекунанд. Ин амал бояд дар ниҳоят дар хонандагон малакаҳои хондан ва навиштанро пайдо намояд. Вақте ки шогирдон ҳамаи ҳарфҳоро азбар менамоянд, ҳиҷову калимаҳоро дар пайвастагӣ навишта, дар ин замина ҷумлаҳо тартиб дода метавонанд. Аз қадами нахустин омӯзгор бояд бар он ҷаҳд созад, ки хонандагон аҳамияти зебонависӣ (ҳусни хат)-ро донанд ва ба хубу хоно навиштан хоҳиш пайдо кунанд. Барои ин нахуст бояд ба онҳо чунин амалҳоро ёд дод ва риояашонро ҳамеша назорат кард: дар курсӣ (стул) дуруст нишастан ва рӯи миз (стол) дастҳоро  дуруст гузоштан, дастҳову қоматро дуруст нигаҳ доштан, худкор (ручка)-ро дуруст ба даст гирифтан, бодиққат будан. Ҳар ҳарф тарзи навишти худро дорад ва ҳангоми навишт бояд элементҳои онро риоя кард. Ин муҳим аст. Масалан, дар вақти навиштан дар кадом маврид бояд худкорро аз хат (ҳарф) бардошт ва дар кадом ҳолат пайваст, бе ҷудо кардани худкор аз хат амал кард. Омӯзгорро лозим аст, ки дар ҳар дарс барои хушнависӣ ва аҳамияти он сухан гӯяд ва шогирдонро ба зебою хоно навиштан, ба риояи ҳатмии элементҳои навишти ҳарфҳо даъват намояд. Таъкид бояд кард, ки хат навиштан ва зебонависӣ аз фазилатҳои хуби ҳар як одам маҳсуб меёбад ва бузургон ҳусни хатро афзояндаи ҳусни инсон номидаанд. Касе, ки хати зебо дорад, эҳтиромаш байни мар дум болост. Ҳусни хат дидаҳоро равшанӣ меафзояд, табъҳоро хуш мекунад, касро мамнуну мафтун месозад. Хати зеборо хирадмандон «ҳамчу моҳе дар шаби тор» номидаанд. Вақте ки хат зебо навишта мешавад, равону бесакта ва зуд хонда мешавад ва вақти хонандаро низ сарфа менамояд, ӯро қаноатманд мекунад. Баръакси  ин ҳолат, хати бад боиси хиратабъӣ, малоли хотир мешавад, хонданаш вақти зиёд мегирад. Омӯзгорро лозим аст, ки дар тамоми давраи таҳсили хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ба навишти онҳо аҳамият диҳад навишти шогирдонро назорат бикунад. Маъмулан, ба тарзи навишти хонандагон дар дафтарҳои расмии онҳо омӯзгор баҳои алоҳида мегузорад ва дар зарурат дар ҳошияи дафтарҳо оид ба хушнависӣ қайдҳо менамояд. Вобаста ба омӯзишу талқини хушнависӣ, дар синф тадбирҳои махсусро метавон роҳандозӣ кард. Аз ҷумла, бо ин ҳадаф ташкили сабқатҳои «Кӣ хуштар ва беғалат менависад?», «Хати кӣ зеботар?», баргузории намоиши дафтарҳои дорои хати зебо, намунаҳои хушнависӣ хеле таъсиргузору манфиатбахш аст. Дар бораи хати зебо зарбулмасалу мақол ва байтҳои зиёде гуфта шудаанд, ки истифодаи онҳо дар дарсҳо аз ҷониби омӯзгор ва азёд кардани ин гуфтаҳо аз тарафи хонандагон омили муҳим ва муассир хоҳад буд.

Зумратбӣ ТӮРАХОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №87-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш