Нашрияи Омӯзгор

Варзишгарӣ шарафмандист

Сана: 2020-10-31        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

Ҳастии инсон бо варзиш иртиботи ҳамешагӣ ва устувору судбор дорад. Варзиш батадриҷ инсонро қавию  неруманд месозад, обутоб мебахшад, ба камолот мерасонад, зебою хушқаду қомат менамояд. Қавииродаю болидарӯҳ ва далеру хушазм будани ҳар фард низ бо варзиш ҳамбастагӣ дорад. Оне, ки ба варзиш гаравидааст,  на танҳо ҷисми пурқувват дорад, балки маънаван низ тавоност. Иртиботи варзиш бо ақлу дониш ва хиради фарогир низ қазияи бебаҳс собитшуда аст ва борҳо таъкид шуда, ки аз шахси костаадаб ҳаргиз варзишкори комгору воломақом ба миён наояд. Вақте ки ҷавони батамкину кӯшо Фаридун Раҳматов иштиёқмандӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пайдо кард, муҳтавои нуктаҳои болоро устодони меҳрубону ғамхору сахтгираш ба ӯ борҳо гӯшзад карданд. Гуфтанд, ки ба варзиш гаравиданат бисёр амали пазируфтанию некуст, вале бидон, ки дар ин ҷода масъулияту устуворӣ мебояд, на танҳо ҷисмро, балки рӯҳро низ қавӣ бояд кард. Ин гуфтаи устодонаш барои Фаридуни мактабхон бештар аҷиб менамуд: ҳар амалеро ҳадафмандона, бо риояи сабку услуб (техникааш) ва бо азму иродаи неку ба сомон расонидан варзиш аст, варзишгарӣ накукорист. Воқеан ҳам, дар ҳотаи падарӣ белу каланд задан, аз шоха ба шохаи дарахтон ҷаҳидаву хазида мева гирд овардан, дар пуштаҳои Ромитдара аз паси гову гӯсфандон давидан, дар ҷустуҷӯи гиёҳҳои шифоиву гулҳои зебову муаттар ба зовияҳо хамидану ба сахраҳо часпидан, баҳри ҳезуму 
алаф аз ин соҳил ба он соҳили Кофарниҳони шӯхоб шино кардан… барои обутоби ҷисмонию маънавии Фаридун нақши бунёдӣ гузоштанд. Ӯ панди судманди роҳбари синфашонро ба ҷон пазируфту амиқ дарк кард ва дар тамоми даврон таҳсил дар таълимгоҳ риоят намуд: варзишгари ҳақиқӣ бояд бохираду доно бошад, ҳамаи фанҳоро дар сатҳи зарурӣ биомӯзад ва ҳаргиз аз мутолиаву худомӯзӣ барканор набошад. Дар ин замина Фаридун мактаби деҳаро дар оғӯши дараи афсонавии Ромит бо сарбаландӣ хатм намуд ва чун арсаи минбаъдаи омӯзишашро дақиқу қотеона барвақт муайян карда буд, бидуни ҳеч дудилагие озими боргоҳи олии аҳли варзиши кишвар – Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов шуд ва ба факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ҳуҷҷат супориду 
донишҷӯ шуд, ба дунёи бавусъату рангин ва пурҳарбу сабқатбори варзиш ворид гардид. Ин воқеаи фараҳбор тобистони соли 2013 ба вуқӯъ пайваста буд. Пас аз чанд ҳафтаи таҳсил боре дар саҳни донишкада ҷавонмарди паҳлавонпайкаре ба Фаридун бо табассум ва хеле самимона муроҷиат кард: -Дар кадом факулта мехонӣ? Ва пас аз шунидани посух суханашро давом дод: -Бачаи обутобёфта ва иродатманд менамоӣ. Ин дар варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ басо муҳим аст. Хуб бихон, писарам, аз машқу тамрин наҳарос, ҳар заҳмат шарафмандӣ ба подош дорад. Варзишгар шарафи худу волидону пайвандонаш, шарафи донишкадаву шаҳраш ва дар ниҳоят, шарафи Ватани маҳбубашро ҳимоя мекунад, пос медорад. Ту кӯшиш намо, ҳар мушкилие, ки пеш ояд, ба мо муроҷиат бикун. Ман ректори донишкада – Шодӣ Сафаров. Ректор ҳатто рақами телефони мобилиашро ба Фаридун маълум кард. Ҷавони навсафари деҳотӣ, чун дарёфт, ки бевосита худи раиси донишкада, ба ӯ ҳарф мезанаду насиҳаташ, таърифу тавсифаш мекунад, лаҳзае ҳаяҷонзада монд, вале бо табиати варзишгарона зуд худро ба даст гирифту ба ӯ арзи сипос кард, «мекӯшам, ки сазовори гуфтаҳои шумо амал намоям» гуфт. Ва воқеан ҳам, дар тамоми чаҳор соли таҳсилу тамрин дар донишкада ба ин гуфтааш содиқ монд. Тадриҷан ба комёбиҳо расид; дар намуди варзиши писан дидаву пазируфтааш-якҳарбаи шарқӣ чемпиони ҷумҳурӣ (соли 2013) шуд ва пасонтар ба дарёфти унвони Устоди варзиши Тоҷикистон мушарраф гашт. Дар қатори беҳтарин варзишгарони донишкада ҷой гирифт ва дар мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи шаҳрию ҷумҳурӣ бомуваффақият ширкат варзид. Тобистони соли 2014 дар шаҳри Якутски Федератсияи Россия дар мусобиқаи нуфузманде оид ба якҳарбаи шарқӣ ба комёбӣ расид, соҳибҷоиза шуд… Роҳбари донишкада Шодӣ Сафаров ҳар дафъа Фаридунро бо пирӯзиаш табрик карда, мегуфт: -Гуфта будам-ку, варзишгари хуб мешавӣ! Офарин! Фаридун пас аз хатми мактаби олӣ ба таълимгоҳи тозатаъсис – литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар шаҳри Ваҳдат омад ва ҳамчун омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба кор шурӯъ кард. Чун асосҳои пешаашро хуб медонисту аз ҷаҳони бавусъати варзиш огаҳии комил дошт ва дӯстдори ҳақиқии пешааш буд, фаъолияташ аз оғоз файзбору фарогиру натиҷаовар гардид ва дар андак муддат ҳамҷавори устодони варзидаи таълимгоҳ шуд. Соли таҳсили сеюм аст, ки Фаридун Раҳматов дар литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат ба шогирдон дарс мегӯяд. Дарсҳояш шавқовару судманду муназзам баргузор мешаванду хонандагонро ҳар чӣ бештар шавқманду ҳаводори варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мекунанд. Дар литсей барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст ва ашёи зарурии варзишӣ, дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ дастрасанд. Илова ба дарсҳои муҳтавоманд бо ибтикори омӯзгор Фаридун Раҳматов дар литсей маҳфилҳои футбол, волейбол, якҳарбаи шарқӣ, шоҳмоту шашка… фаъолият доранд. Дар таълимгоҳ мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагон (байни устодон низ) созмон дода мешаванд ва ҷашнвораҳоро ҳунарнамоии варзишгарони ҷавон шукӯҳи тоза эҳдо мекунанд. Чанде аз шогирдони Фаридун Раҳматов ба комёбиҳои чашмгир ноил гардиданд. Чунончи, Беҳрӯз Комилзода, Муҳаммад Сафаров, Анӯшервон Шоев… дар намуди якҳарбаи шарқӣ соҳибунвони чемпиони ҷумҳурӣ шудаанд. Директори литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар шаҳри Ваҳдат омӯзгори соҳибтаҷриба, номзади илмҳои педагогӣ Зулайхо Зокирова ва муовини директор Музаффар Нуъмонов бо қаноатмандӣ изҳор медоранд, ки омӯзгоре чун Фаридун Раҳматов доштан барои ҳар як таълимгоҳ боиси ифтихор аст. Ва таманно мекунанд: -Бигзор, сафи чунин омӯзгорони ҷавони соҳибхираду лаёқатманду ташаббускор дар таълимгоҳҳои кишвари соҳибистиқлоламон ҳар чӣ бештар бошад! Таманнои мо низ ҳамин аст.

А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш