Ҳар сол бахшида ба Рӯзи маъюбон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳамоиш баргузор мегардад.Дар ҳамоиши имсола зиёда аз 150 нафар тарбиятгирандаи то 18 – сола аз ташкилоти ҷамъиятии «Савоб», 200 нафар аз ташкилоти ҷамъиятии «Маҷрӯҳон» ва аз ин беш тарбиятгирандагони хурдсоли ташкилоти ҷамъиятии «Таббасум»-у «Маркази нур» ҳамроҳи волидону тарбиятгирандагон ширкат доштанд. Шумораи ин қишри ҷомеаро дар вилоят 500 нафар ташкил медиҳад.
Директори Маркази кӯдакону наврасони имконияташ маҳдуди «Нур» Камол Шанбезода зимни суҳбат иброз дошт, ки дастгирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба табақаи эҳтиёҷманд, минҷумла, кӯдакони имконияташ маҳдуд вобаста ба ҳифзи иҷтимоии табақаи ниёзманд, бахусус, таълиму тарбия ва тавонбахшии кӯдакони имконияташ маҳдуд яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр