Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоти видеоии вазир бо сафир

Сана: 2020-11-01        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Бо мақсади муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои таълимии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ 20-уми октябри соли ҷорӣ мулоқоти видеоии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷон Марк Поммершайм-сафири ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.  

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, зикр намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои  низоми таҳсилоти умумӣ ва олӣ амалӣ мегарданд. Инчунин, дар мулоқот вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи методии англисзабон, ҷудо намудани квота барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таълимии ИМА, мубодилаи донишҷӯён, омӯзгорон ва профессорони мактабҳои олӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дуҷониба байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА ва чанде дигар мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо, ҳамзамон, таъкид доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо ва татбиқи созишномаҳои баимзорасида чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш