Вобаста ба фаъолият ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори зиёди насриву назмӣ ба нашр расидааст, ки ба муаррифии ташаббусҳои беназиру таърихии Сарвари давлат бахшида шудаанд. Аввалин осоре, ки перомуни фаъолияти доманадору созандаи Пешвои миллат баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ таълиф гардидаанд, маҳз хидматҳои Президенти кишварро, ки ба ҷанг нуқта гузошта, баҳри рушду ободии мамлакат талошу фидокорӣ намуданд, ҳамчун симои барҷаста дар адабиёту публитсистика бармало сохтаанд. Дар ин самт бо кӯшишу талошҳои Пажӯҳишгоҳи рушди фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг соли 2020 китобномаи Пешвои миллат дар 8 ҷилд омода ва чоп шуд, ки ҳамчун дастури раҳнамо барои аҳли илму адаб хидмат мекунад. Китоби нав вобаста ба фаъолият ва хидматҳои Пешвои миллат бо номи «Шахсияти бузурги таърихсоз» (Душанбе: «Меҳроҷ – граф», 2020. – 124 саҳ.) зери назари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба чоп расидааст, ки ба қалами донишманди пуркор, номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода тааллуқ дорад. Китоби мазкур аз мақолаҳои «Шахсияти бузурги таърихсоз», «Масъулият», «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад», «Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ» ва «Ҷаҳони илму дарёи маъонӣ» таркиб ёфта, бо мақолаи пурмуҳтавои «Шахсияти бузурги таърихсоз» оғоз меёбад. Дар ин навишта муҳаққиқи варзида Ш. Шокирзода хидматҳои таърихии Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу ваҳдат қайд намуда, дар хусуси дастгириву иқдомҳои Сарвари давлат дар самти бузургдошти шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ, чопи асарҳо, бунёди китобхонаву барқарорсозии маконҳои таърихӣ маълумот медиҳад. Муаллиф таъкид кардааст: «Пешвои миллат бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкори худ ва пуштибонии амиқи мардум аз сиёсати ваҳдатофарин тавонист, ки сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор намуда, ҳамватанони дар ақсои олам парешони худро сарҷамъ созад ва бо ин бори дигар ба оламиён нишон диҳад, ки тоҷикон зотан миллати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва сулҳпазир мебошанд. Солҳост, ки ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон тамоми муассисаҳои илмии ҷомеашиносии ҷаҳон ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, онро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, сиёсати сулҳдӯстиву сулҳофарии моро ба сифати намунаи беҳтари дастёбӣ ба ваҳдату ҳамдилӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, ба назари мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ номидани ин фарзанди ватанпарасту сулҳхоҳ мантиқан дурусту ҳаққонӣ мебошад». Дар зимн, дар ин мақолаи фарогиру арзишманд, ки бо диди илмӣ таълиф гардидааст, бо овардани андешаҳои олимону донишмандони ватаниву хориҷӣ хидматҳои Сарвари давлат доир ба қадрдонии шахсиятҳои бузурги миллат, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ анҷом пазируфтанд, ёдовар мешавад. Аз ҷумла, таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии тамаддуни Ҳисор, 2700-солагии қадимтарин намунаи осори катбии ориёиҳо – «Авасто», 5500-солагии тамаддуни Саразм, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Сайфиддини Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Нақибхон Туғрал, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Мах сум ва амсоли инҳо маҳз бо иқдому дастгирии Пешвои миллат дар кишвар дар сатҳи баланд ба вуқӯъ пайвастанд ва дар ин замина асарҳои зиёде таълиф шуданд, ки ба шинохти бештар ва худшиносиву худогоҳии миллии насли наврас ва ҷавонон мусоидат карданд. Муаллиф дар ин самт чунин гуфтааст: «Бунёди бинои хуштарҳу замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва нашри босифати ҷилдҳои мусалсали ин донишнома ва силсилаи донишномаҳои пурарзиши соҳавӣ, ки дар муаррифӣ намудани арзишҳои маънавии халқи тоҷик нақши хеле муҳим мегузоранд, мусоидат ба нашри силсилаи асарҳои адибони классики форсу тоҷик бо номи «Ахтаро ни адаб» дар 50 ҷилд, ҳамасола аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудани маблағҳои зиёд барои нашри китобҳои адибони муосир, афзоиши маблағгузорӣ баҳри бунёди муассисаҳои илмиву маърифатӣ ва маориф, баргузор гардидани силсилаи чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи ибтикорест, ки бо номи Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ доранд». Дар мақолаҳои баъдӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дӯстии тоҷикону ӯзбекон, асарҳои «Забони миллат – ҳастии миллат», «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муаллиф хидматҳои Сарвари давлатро дар ин ҷода бузургу мондагор мешуморад. Дарвоқеъ, Шодӣ Шокирзода дар китоби «Шахсияти бузурги таърихсоз» ба таври фарогир хидматҳои мондагори Пешвои миллатро дар рушди фарҳанг, бузургдошти шахсиятҳои сиёсию таърихӣ, эҳёи мавзеъҳои таърихӣ, баланд бардоштани мавқеи забони модарӣ, таълиму тарбияи насли наврас аз дидгоҳи илмӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додааст, ки ба гумони инҷониб, барои олимону пажӯҳишгарон ва доираи васеи хонандагон ҳамчун дастури роҳнамо хидмат хоҳад кард.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр