27.10.2020 дар толори бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эълон гардидани солҳои 20202040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифомили муҳими тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар кишвар» доир гардид. Дар кори ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва дигарон иштирок карда, сухан гуфтанд. Дар маърӯзаҳо зикр гардид, ки таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки маҳз таваҷҷуҳ ба илму маърифат, хосса ба илмҳои техникиву риёзӣ онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ пешрав гардонидааст ва имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Бо назардошти муҳимияти масъала ва бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2019 солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид. Тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд, дар марҳилаи навбатии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебояд ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо вобастагии зич дорад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки 18 марти соли равон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён карда, ба вазорату идораҳои дахлдор супоришу вазифаҳои мушаххас доданд. Дар муҳокимаи масъалаи мазкур инчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва коршиносони мустақил ширкат варзида, иброз намуданд, ки ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ саҳм мегузорад. АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр