Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба муносибати 700 – солагии шоири тавонои тоҷик Камоли Хуҷандӣ конфронси назариявӣ ва амалӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Атобек Шукурбеков гуфт, ки таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳии омӯзгорони мактабҳои шаҳр дар асоси омӯзиши осори суханварони бузург чун Камоли Хуҷандӣ яке аз роҳҳо ва заминаи мустаҳкамгардонии дониши хонандагон мебошад. Агар муаллим аз гузаштаи бою ғании адабию илмии миллат дарак надошта бошад, шогирдонашро бо дунёи маърифати миллӣ мусаллаҳ гардонда наметавонад. Омӯзгори мактаби миёнаи умумии рақами 3-и шаҳр Гуландом Дарвозиева оид ба ҳунари ғазалсароии Камоли Хуҷандӣ андешаронӣ кард. Сипас, оид ба тавзеҳу баррасии ҳаёту эҷодиёти шоир байни омӯзгорон озмун сурат гирифт.
Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр