Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиш танаффус надорад

Сана: 2020-11-02        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

Яке аз фазилатҳои барҷастаи ҳар инсон омӯзиш ва касби дониш аст. Омӯзиш бояд пайваставу бардавом бошад. Маълум, ки ҷаҳони илму дониш беҳудуд аст ва ҳар қадар шахс ба ин ҷаҳон амиқтар вуруд гардад, ҳамон қадар тавоно хоҳад шуд. «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад»,-гуфтааст Фирдавсии бузург. Донишманди дар саросари ҷаҳон маъруф Абӯалӣ ибни Сино ҳама дороии дигарро қатъи назар карда, маҳз аз он ибрози ифтихормандӣ бинмудааст, ки «Аз  қаъри гили сиёҳ то авҷи  Зуҳал Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал».  Воқеан ҳам, донишмандӣ муҷиби ифтихор аст, шарафмандист. Омӯзиш  аслан ба ҳамагон дахл дорад, аммо дар ин миён, ҷои баҳс нест, ки омӯзгорро зарурати  омӯзиш бештар аст. Таълиму тарбия, ки фаъолияти асосии омӯзгор ба ҳисоб меравад, ҷараёни бағоят мураккаб мебошад ва аз омӯзгор омодагии ҷиддӣ, дониши фароху маҳорату малакаи баланд тақозо дорад. Маҳз омӯзиши пайваста ба омодагии ҳамешагии омӯзгор ба машғулиятҳо ба шогирдон мусоидат мекунад. Вобаста ба ин, омӯзгор бояд ба худомӯзӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад. Албатта, китоби дарсӣ ҳамчун во ситаи асосии таҳсили шогирдон ва таълимдиҳии омӯзгор бунёди донишро вобаста ба ин ё он, фан фаро мегирад, лекин ин нукта ҳам бебаҳс мебошад, ки ҳар илм пайваста рушд меёбад, ба дастовардҳои тоза ноил мегардад. Худомӯзии омӯзгор имкон фароҳам меоварад, ки навгониҳо вобаста ба фанҳои таълимӣ дар рафти омӯзиш ба инобат гирифта шаванд, дарс комилтару дақиқтар бошад, дастовардҳои тозаи илмро дар бар бигирад. Худомӯзии омӯзгор тавассути курсҳои такмили ихтисос, мутолиаи китобу дастурҳои тозанашр ва рӯзномаву маҷаллаҳои дахлдор («Омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Адаб»…), баҳрабардорӣ аз намоишҳои махсуси телевизион ва гуфторҳои радио, иштирок ба дарсҳои ҳамкасбон ва амсоли инҳо татбиқ карда мешавад. Аксар омӯзгорон худомӯзии мутазамашонро ба нақша мегиранд ва аз ин лиҳоз дафтари махсус таъсис медиҳанд. Ин боиси боз ҳам бобаракату фарогиртар шудани худомӯзии  омӯзгор мешаванд. Ба назари мо, ҳамаи омӯзгоронро вобаста ба худомӯзӣ зарур аст, ки бештар ба фанҳои педагогикаю психология аҳамият бидиҳанд. Ин аз ин ҷост, ки муваффақияти ҳар омӯзгор, пеш аз ҳама, ба корбасти усулҳои гуногуни мувофиқи таълиму тарбия (педагогика) ва хуб омӯхтани табиату хусусияти аҳли синфу ҳар як хонанда (психология) вобаста аст. Дар сарчашмаҳои илмӣ вобаста ба худомӯзии омӯзгор чунин таъкид шудааст: масоили мавриди омӯзиш зарурӣ ва замонавию моҳиятманд бошанд, мавзӯи манбаъҳои худомӯзӣ бо шароити кори омӯзгор мувофиқат намояд, мавзӯъҳо барои худомӯзӣ ҳадафмандона бо дарназардошти самти фаъолияти омӯзгор интихоб шаванд. Дар раванди худомӯзӣ омӯзгор дар дафтари махсус нуктаҳои заруриро ёддошт мекунад, мулоҳизаҳояшро зикр менамояд. Худомӯзии омӯзгор дар тамоми давраи фаъолияташ дар мактаб идома меёбад, зеро он муҳимтарин омили комёбии ӯст.

Дилафрӯз САИДАСАНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш