Ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим 28 иншоот сохта ба истифода дода мешавад, - мегӯяд муовини аввали раиси ноҳия Мӯсо Мирзоев. Дар маркази ноҳия барои 4 ҳазор ҷои нишаст варзишгоҳ ва дар шафати он хонаи истиқоматии 24 ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бунёд мешавад. Инчунин, дар маркази ноҳия бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти умумии рақами 21 барои 1200 хонанда дар ду баст сохта хоҳад шуд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр