Нашрияи Омӯзгор

Фарзанди маҳбуби Ватан

Сана: 2020-11-07        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

Ҳаёт маҷрои ҳодисаву воқеаҳост, ҳама рӯзи мо саршору пурбор аз рухдодҳои гуногун аст, вале воқеияти бебаҳс он бувад, ки на ҳама ҳаводиси зиндагӣ хотирмону нақшгузоранд. Бисёр дидаву шунидаҳоямон, воқеаҳои зиндагиамон дер ё зуд аз хотир зудуда мешаванд ва фақат он ҳодисаҳое абадан хотирмон мешаванд, ки бағоят муассиру дилпазир ва омехта бо эҳсосоти гуворою самимияти баланданд. Дар ҳаёти ман ҳодисаҳои зиёди хушоянду нохушоянд, пурзиёну манфиатбор, ғуссабору нишотовар ба вуқӯъ пайвастаанд ва ин, гумон мекунам, як амри табиист ва аслан, зиндагии кулли инсонҳо омехта бо барору нобарорӣ, шебу фарозҳост ва агар аз забони шоирон бигӯем, «зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист». Гузашти рӯзгор бузургдафтари аъмоли ҳар нафареро, ки «Сарнавишт» ном дорад, бештар муҳтавоманду ривоятбор месозад. Таманнои онро дорем, ки ин бузургдафтарин умри ҳар шахс пуропур аз сафҳаҳои заррину сурурбахш бошад. Соли равон, аниқтараш, шашуми сентябр дар ҳаёти ман ҳодисаи фараҳбахшу хотирмон ба вуқӯъ пайваст. Маро шарафе даст дод, ки ҳамчун як шаҳрванди озоду комилҳуқуқи Тоҷикистон, ҳамчун як тан аз аҳли маорифи мамлакат ва ҳамчун як узви қатории ҲХДТ дар анҷумани ин ҳизби бунёдкору ваҳдатшиор суханронӣ намуда, номзадии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намоям. Саропо саршор аз ҳисси волои ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва муҳаббат ба Пешвои муаззам будам он лаҳзаҳои муассир. Арзи диламро, эҳтирому ихлосу эътиқодамро иброз доштам ба аҳли нишаст аз минбари баланди анҷуман. Гуфтам, ки мо – аҳли маориф, аз дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагию падаронаи Пешвои миллат сипосгузорем. Ифтихормандем, ки Сарвари кишвар пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи олам» номидаанду таъкид бинмудаанд: «Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузашатагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунанадаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст». Зимни суханронии хеш боз аз он нукта ёдовар шудам, ки соҳаи маорифи диёри арҷмандамон таҳти ғамхориву ҳидоятҳои Пешвои миллат ба комёбиҳои чашмгиру муқтадир ноил гардида истодааст ва дар радифи теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ ҳамасола литсейу гимназияҳо ва мактабҳои Президентӣ оғози фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, сухан аз ибтикори навини Сарвари давлат – эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф гуфтам ва зимнан иброз доштам, ки ин иқдоми наҷибу саривақтӣ ба таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон нигаронида шудааст ва аз ҷумла, боиси рушди тафаккури техникии насли наврас, омодасозии мутахассисони варзида дар соҳаҳои илму технология ва инноватсия мегардад. Ва боз сухан аз он гуфтам, ки Президенти муҳтарами мо имрӯз шахси маҳбуби  ҳамагон гардидаанд, сазовори ихлосу эҳтироми халқи азизи хеш мебошанд, қавлу амалашон як аст, ҳамеша дар фикру зикри беҳбудию шукуфоии мамлакатанд ва боз азму ниятҳои неки ватандӯстона дар пеш доранд. Дар фароварди суханрониам қотеъона иброз доштам, ки дар марҳилаи кунунии ҳаёти кишвар эҳтиёҷ ва зарурат ба идомаи фаъолияти ин фарзанди барӯманди миллат равшан эҳсос мешавад ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзади арзандаву шоистаи мо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд… Хушо, ки ин интихобот дар фазои тантанаи демократия, рақобати солиму озод, бо иштироки фаъолонаи аҳли кишвар, зери назорати намояндагони ВАО ва созмонҳои дахлдори хориҷӣ ва дар сатҳи баланд баргузор шуду бори дигар ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдилию ватанпарастии тоҷикистониёнро ба аҳли сайёра намоиш дод. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар шаҳрванди мамлакат ҳамчун номзад ширкат варзиданд. Аз ин миён мардуми гавҳаршиноси ҷумҳуриамон номзади мақбулу  маҳбуби худ­муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аксари кулли овозҳо ҷонибдорӣ намуданд. Пирӯзии Пешвои миллат дар интихобот пирӯзии хираду ҳақиқат, тантанаи эътиқоду муҳаббати мардум гардид. Чӣ қадар хушоянду ифтихорбарангез ва муҳаббатафзо буданд суханони Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ дар расми савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам… Ман ҳамаи шумо­халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам». Ҳамчун як зиёии тоҷик бовар бар он дорам, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаёти кишвари маҳбубамон марҳилаи наверо ки ба он вусъати созандагию бунёдкорӣ хос аст, ифтитоҳ бахшид. Даъвати ватандӯстонаю фидокоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан, имрӯзҳо, ки аҳли ҷумҳурӣ ба истиқболи сазовори 30­солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, дар саросари мамлакат баланд садо медиҳад: ­Тоҷикистон, ба пеш!

Зубайда ШАРИФОВА,

директори муассисаи давлатии махсуси

мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш