Нашрияи Омӯзгор

Сулҳпарвару ваҳдатофарин

Сана: 2020-11-07        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

Таърихи давлату давлатдории тоҷикон хеле дерин ва рангин аст. Ин халқи шарафманд дар дарозои ҳастии худ ҳодисаву воқеаҳои гуногун ро аз сар гузаронидаву ба маҳрумияту комёбиҳо, ба шебу фарозҳо ва ба бурду бохтҳои зиёде дучор омадааст. Ин далели бебаҳс дар ҳаёти тоҷикон ибратомӯз ва шоистаи ифтихор аст, ки дар қитъаи зерини  устоди сухан Лоиқ ишора шудааст: Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст. Ҳамин хилқати неку ва муҳаббат ба инсонияти тоҷикон буд, ки аз ҳама ноҷӯриҳои замонаҳо азият кашида бошанд ҳам, пояндаву устувор монданд ва ниҳоят, чун тантанаи ҳақиқату адолату хирад дар поёни садаи бистум ба ормони дерини худ­истиқлоли давлатӣ расиданд, соҳиби ҷумҳурии мустақилу соҳибихтиёри худ, соҳиби Ватани маҳбубу ободи худ, соҳиби давлату давлатдории худ ва соҳиби Сарвари соҳибхираду фазилатманди худ гардиданд. Ростӣ, ки дар масъалаи Роҳбари мамлакат таърих ин дафъа ба тоҷикон самимона лутф кард. Оне ба сари қудрат омад, ки ҳамрозу дамсозу маҳбубу ғамхори халқ аст ва тору пудаш аз эътиқоду садоқату муҳаббат нисбат ба халқу миллати маҳбуб сиришта шудааст. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки як кишвари ҷангзадаву тороҷгаштаро ба мамлакати сулҳдӯсту адолатпарвар ва пешраву бунёдкор табдил дод ва дар ин ҷода аз имтиҳони бузургу сангини таърих гузашт, на танҳо дар дохили кишвар соҳибэҳтирому воломақом гардид, балки берун аз ҷумҳурӣ – дар арсаи ҷаҳон низ обрӯю нуфуз пайдо кард. Таърихи печидаву пурихтилоф, аммо некфарҷоми сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки муаллифаш, интиҳобахши пурнишоташ Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кард, манбаи омӯзиши ҷомеаи тамаддунпарвари ҷаҳон гашт ва саҳифаи наве дар китоби таърихи сулҳи ҷаҳон боз намуд. Ҳар амалеро подошест ва он ҳама талошҳои пайгирона, амалҳои ҷоннисорона ва рафторҳои ватандӯстонаи Сарвари кишвар, махсусан, дар давоми даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ самараи неку саодатбахш оварданд ва ба маҳбубтарин, азизтарин шахс барои ҳар узви Тоҷикистон гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карданд. Фирдавсии бузургвор фармудааст: Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ, Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ. 25 декабри соли 2015 дар таърихи қонунгузории кишварамон саҳифаи наве бо мазмуну муҳтавои тозае боз шуд. Дар ин рӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба имзо расид. Ин қонун ифодагари меҳру муҳаббат ва азму иродаи ҷомеаи васеи шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба фарзанди фарзонаи миллат, маҳбубу мақбули ҳамагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гардид. Бояд гуфт, ки қабули чунин қонун тантанаи адолат ва воқеияти таърих мебошад. Сарвари кишвари мо ҳамчун меъмори кохи бошукӯҳу бегазанди сулҳу ваҳдат дар тамоми  дунё маъруфият доранд. Хирадмандтарин ва тавонотарин шахсиятҳои арсаи сиёсат дар саросари ҷаҳон ҳамеша бар он кӯшидаанд, ки мардум бо ҳам дӯсту бародар, дастгиру мададгор бошанд, аҳлона, бо шодию нишот зиндагӣ бикунанд. Таърих чунин ашхосро то ҷовидон пос медорад ва арҷгузорӣ менамояд. Пешвои миллати мо дар қатори шахсиятҳои барҷастаи сулҳовару сулҳпарвари олам ҷой гирифтаанд ва мо, тоҷикистониён, албатта, аз ин ифтихормандем. Халқе, ки Пешво дорад саодатманд аст. Пешво роҳнамою роҳбалад, ҳомию ғамхор ва сарпарасти ҳар фарди миллат мебошад. Пешво ҳукми падарро дорад ва сухану амалаш файзбахшу баракатбор аст. Пешво сари баланд ва дили пури аҳли Ватан, хурду калон аст. Тоҷикистон бо Пешвои миллат, бо меъмори сулҳу ваҳдат сол то сол пеш меравад, мешукуфад ва бешубҳа, фардои халқи саодатманди тоҷик боз ҳам шукуфотар хоҳад буд. Пироншоҳ САИДОВ, рӯзноманигор аст, ки дар ҳеҷ замоне Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст. Ҳамин хилқати неку ва муҳаббат ба инсонияти тоҷикон буд, ки аз ҳама ноҷӯриҳои замонаҳо азият кашида бошанд ҳам, пояндаву устувор монданд ва ниҳоят, чун тантанаи ҳақиқату адолату хирад дар поёни садаи бистум ба ормони дерини худ­истиқлоли давлатӣ расиданд, соҳиби ҷумҳурии мустақилу соҳибихтиёри худ, соҳиби Ватани маҳбубу ободи худ, соҳиби давлату давлатдории худ ва соҳиби Сарвари соҳибхираду фазилатманди худ гардиданд. Ростӣ, ки дар масъалаи Роҳбари мамлакат таърих ин дафъа ба тоҷикон самимона лутф кард. Оне ба сари қудрат омад, ки ҳамрозу дамсозу маҳбубу ғамхори халқ аст ва тору пудаш аз эътиқоду садоқату муҳаббат нисбат ба халқу миллати маҳбуб сиришта шудааст. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки як кишвари ҷангзадаву тороҷгаштаро ба мамлакати сулҳдӯсту адолатпарвар ва пешраву бунёдкор табдил дод ва дар ин ҷода аз имтиҳони бузургу сангини таърих гузашт, на танҳо дар дохили кишвар соҳибэҳтирому воломақом гардид, балки берун аз ҷумҳурӣ – дар арсаи ҷаҳон низ обрӯю нуфуз пайдо кард. Таърихи печидаву пурихтилоф, аммо некфарҷоми сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки муаллифаш, интиҳобахши пурнишоташ Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кард, манбаи омӯзиши ҷомеаи тамаддунпарвари ҷаҳон гашт ва саҳифаи наве дар китоби таърихи сулҳи ҷаҳон боз намуд. Ҳар амалеро подошест ва он ҳама талошҳои пайгирона, амалҳои ҷоннисорона ва рафторҳои ватандӯстонаи Сарвари кишвар, махсусан, дар давоми даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ самараи неку саодатбахш оварданд ва ба маҳбубтарин, азизтарин шахс барои ҳар узви Тоҷикистон гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карданд. Фирдавсии бузургвор фармудааст: Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ, Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ. 25 декабри соли 2015 дар таърихи қонунгузории кишварамон саҳифаи наве бо мазмуну муҳтавои тозае боз шуд. Дар ин рӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба имзо расид. Ин қонун ифодагари меҳру муҳаббат ва азму иродаи ҷомеаи васеи шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба фарзанди фарзонаи миллат, маҳбубу мақбули ҳамагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гардид. Бояд гуфт, ки қабули чунин қонун тантанаи адолат ва воқеияти таърих мебошад. Сарвари кишвари мо ҳамчун меъмори кохи бошукӯҳу бегазанди сулҳу ваҳдат дар тамоми  дунё маъруфият доранд. Хирадмандтарин ва тавонотарин шахсиятҳои арсаи сиёсат дар саросари ҷаҳон ҳамеша бар он кӯшидаанд, ки мардум бо ҳам дӯсту бародар, дастгиру мададгор бошанд, аҳлона, бо шодию нишот зиндагӣ бикунанд. Таърих чунин ашхосро то ҷовидон пос медорад ва арҷгузорӣ менамояд. Пешвои миллати мо дар қатори шахсиятҳои барҷастаи сулҳовару сулҳпарвари олам ҷой гирифтаанд ва мо, тоҷикистониён, албатта, аз ин ифтихормандем. Халқе, ки Пешво дорад саодатманд аст. Пешво роҳнамою роҳбалад, ҳомию ғамхор ва сарпарасти ҳар фарди миллат мебошад. Пешво ҳукми падарро дорад ва сухану амалаш файзбахшу баракатбор аст. Пешво сари баланд ва дили пури аҳли Ватан, хурду калон аст. Тоҷикистон бо Пешвои миллат, бо меъмори сулҳу ваҳдат сол то сол пеш меравад, мешукуфад ва бешубҳа, фардои халқи саодатманди тоҷик боз ҳам шукуфотар хоҳад буд.

Пироншоҳ САИДОВ, рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш