Нашрияи Омӯзгор

Наҷотбахши давлату миллат

Сана: 2020-11-09        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Президент (калимаи лотинии praesidens, praesidentis дар пеш нишаста, пешво, раис) – роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ президент дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад, чунки ӯ функсияи Сарвари давлат ва Раиси ҳукуматро иҷро менамояд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. 6­уми ноябри соли 1994 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ба даст овардани бештари овози раъйдиҳандагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, 16­уми ноябри ҳамон сол дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ма росими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президентӣ шурӯъ карда буданд, ки он рӯзҳо Тоҷикистон давраи ҳассосу мушкилотеро аз сар мегузаронид. Дар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ба ватани аҷдодӣ баргардонидани наздики як миллион нафар гурезагон, аз қашшоқӣ раҳонидани мардум, муттаҳид намудани сокинони кишвар, бунёди даҳҳо корхонаҳои саноативу неругоҳҳои барқӣ, садҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, азнавсозии шоҳроҳҳову нақбҳои мошингузар, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу назаррас мебошад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсондӯстиву ватанпарвариро пешаи роҳи худ карда, барои давлати порагаштаро аз фаноёбӣ наҷот доданд. Собиқ Дабири кулли СММ Кофи Анан дар маҷаллаи махсуси русии “Огонёк” соли 2011 чунин навишта буд: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат собиқаи беназир дорад ва дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст”. Ваҳдати тоҷикон омили наҷот ва бақои давлату миллати мо гашт. Дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба мулки озоду обод табдил ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои воқеъии миллат тавонистанд ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо ақлу заковат ва давлатдории хирадмандонаи худ ба шоистагии тамом Тоҷикистонро дар саросари кураи замин муаррифӣ намоянд. Тамоми хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин натиҷагирӣ намуда, чунин баҳо дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад». Бо пешниҳоди мардуми шарифи Тоҷикистон барои хизматҳои шоён ва корномаҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳтирому эътирофи фазилатҳои сиёсатмадориву давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, болоравии обрӯву нуфузи мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи ин қисме аз корҳои анҷомдодаи босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар асоси моддаи 2­и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14­уми майи соли 2016 қабул шудааст, санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент муайян карда шудааст, ки ҳамасола тамоми тоҷикистониёни шарафманд ин рӯзро бо ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ бо суруру шодмонӣ таҷлил мекунанд.

К. КАРИМОВ, 
омӯзгори мактаби №10-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш