Нашрияи Омӯзгор

Бо Пешво ба ояндаи дурахшон

Сана: 2020-11-09        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

Санаи 30-­юми октябри соли 2020 санаест, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ин рӯзест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хидмати содиқона ва софдилона барои рушду тақвияти давлату миллати куҳанбунёди тоҷикон барои 7 соли оянда савганди садоқатмандонаи хешро дар назди вакилони халқ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ёд кард. Ёдовар мешавем, ки санаи 11­уми октябри соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ баргузор гашта буд. Дар интихобот аксарияти шаҳрвандон бо иродаву ихтиёри хеш ба ҷонибдории номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92%­и раъйи мардум бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд. Натиҷаҳои интихобот собит месозад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, Пешвои мардумӣ ва Президенти қонунист. Шахсиятест, ки кайҳо боз бо хидматҳои шоиста ва поквиҷдонона ба давлату миллати худ боварии мардумро сазовор гардидааст. Имрӯз Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи рушду нумӯи бемайлон қарор дорад, аз ҳама муҳимаш, сулҳу субот дар фазои кишвар танинандоз аст, ваҳдату ягонагӣ, тараннуми сулҳу субот ва ватандӯстӣ шиори ҳамарӯзаи ҳар як шаҳрванди кишвар гардидааст. Вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат, аз хурд то калон, бахусус, ҷавонони саодатманд аст, ки дар пешрафти кишвар ҳиссаи босазо гузоранд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ниҳоят бузург буд. Мефахраму меболем, ки чунин Сарвари ғамхору доно дорем. Имрӯз гулгулшукуфии ватани азизамро дида, орому осуда будани фарзандону мактабҳои бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, мардуми ба ҳам дӯсту тифоқ, муттаҳидиву ягонагӣ ва дар атрофи Президенти кишвар парвона буданамонро мушоҳида карда, будани худ фахр мекунам. Тибқи иттилои Пешвои муаззами миллат дар солҳои 2013­2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт. Дар мамлакат зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст гардид. Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд. Дар ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш дар маросими савгандёдкунӣ чунин гуфтанд: “Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам”. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, фарзанди фарзона ва сарсупурдаи давлати навини тоҷикон маҳсуб гашта, ҳанӯз аз солҳои аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадан, баҳри рушду нумӯи давлати тозаистиқлоли миллати тоҷик бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ниёгони хеш, бо ғурури рустамона ва шуҷоати мардона хидмати содиқона анҷом дода истодаанд ва баҳри суботи сиёсӣ, устувории ваҳдати миллӣ, зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон ва имрӯзу ояндаи дурахшони давлату миллати хештан ягон чиз, ҳатто ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.

Раъно СИДДИҚОВА,

омӯзгори фанни географияи гимназияи рақами 5,

ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш