Нашрияи Омӯзгор

Сипоснома барои саҳмгузорӣ дар интихобот

Сана: 2020-11-11        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Охири моҳи гузашта ба як қатор роҳбарони вазорату кумита, идораҳои давлатӣ ва шахсиятҳои ҷудогона, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу одилона баргузор гаштани маъракаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпур сии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорҳои пурсамар доштанд, аз тарафи раёсати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Муҳаммадюсуф Имомзодавазири маориф ва илм низ дар қатори дигар чеҳраҳои сиёсии кишвар ба ин муносибат бо Сипосномаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар матни он гуфта мешавад: “Ба Шумо ва кормандони соҳаи маориф барои ҳамкориҳои пурсамар дар гузаронидани маъракаи муҳимми сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, аз номи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос менамоем. Ҳамкориҳои беғаразона ва холисонаи Шумо ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффофу ошкоро ва ба таври демократӣ ҷараён гирифтани интихобот, ки кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст, хеле назаррас ва арзишманд мебошад. Ба Шумо ва кормандони соҳаи маориф тансиҳатӣ, хонаободӣ ва барору комёбиҳои ҳамешагӣ таманно дорем.” Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода таъкид дошт, ки Сипосномаи мазкур қадрдонии ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм аст, ки дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзанда гузоштанд. Маркази матбуоти ВМИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш