Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент дар қатори якчанд иншооти бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маърифатпарвар”и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар шакли Парки технологӣ таъсис дода шудааст ва он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона барои нигаҳдории меваю сабзавот ташаббуси мазукурро ибратбахш арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки ин таҷриба дар дигар муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии мамлакат тавсиа дода шавад. Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки дар назди он коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ амал мекунад, бо муассисаи таълимӣ ва истеҳсолии “Маърифатпарвар” ва Парки технологӣ фаъолияти худро мутамарказ ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дар самти беҳдошти сифати таълиму тадрис ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани донишҷӯён тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунанд. Фаъол гардонидани коргоҳи дӯзандагӣ барои 125 мошинаи дарздӯзӣ низ аз зум раи иқдомҳои шоистаи муассисони корхонаи “Маърифатпарвар” маҳсуб ёфта, он дар баробари таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ, инчунин, метавонад заминаи устувори таълимӣ – омӯзишӣ барои донишҷӯён бошад. Бояд зикр намуд, ки маркази таълимии “Маърифатпарвар”соли 2018 дар собиқ бинои заводи тамоку таъсис дода шуда, ҳоло би нои мазкур пурра азнавсозӣ шуда истодааст. Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва муассисаи “Маърифатпарвар” таҳти роҳбарии сарвари оқилу ташаббускор, профессор Муаззамхон Ансорӣ қарор дорад. М. Ансорӣ узви Шӯрои ректорони Аврупо (соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи Венаи кишвари Австрия мебошад. Парки технологӣ дар татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар саҳм дошта, он дар заминаи самтҳои зерин фаъолият дорад: мусоидат ба рушди технологияи муосири тавлидотӣ; татбиқи стандартҳои байналмиллалӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот; ноил шудан ба дастовардҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияи муосир; пешбурди истеҳсолот бо истифода аз навовариҳои илмии устодон ва донишҷӯён; баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии донишҷӯён ва донишу малакаи устодони донишкада; мусоидат дар таъмини дастрасӣ ба навгониҳои технологӣ Аз ҷумла, дар самти рушди технологияи муосири тавлидотӣ, технологияи нави меванигоҳдорӣ ва коркард, ки онро худи устодону донишҷӯёни донишкада ихтироъ кардаанд, қобили зикр мебошад. Яке аз дастовардҳои муҳими парки технологӣ парваришу истеҳсоли моҳӣ дар ҳавзҳои моҳипарварӣ мебошад. Дар донишкада таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ӯҳдаи устодони донишманду баландихтисос вогузор карда шудааст.Онҳо бо истифода аз усулҳои нави таълими ин фанҳо дониши шогирдонро баланд мебардоранд ва мутахассисони соҳиби донишу тафаккури хуби илмию техникӣ тайёр мекунанд. То имрӯз дар Шӯрои олимони донишкада зиёда аз бист мавзӯи илмӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Олимони донишкада соли равон дар нашри осори илмию таҳқиқотӣ як қатор корҳои қобили мулоҳизаро ба анҷом расониданд. Бо эҳтимоми профессорон Шодмон Воҳидов ва Муаззамхон Ансорӣ китобҳои “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй”, “Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ”, “Саразми 5500 соласароғози таърихи тоҷикон”, “Ёдгориҳои асри биринҷи Осиёи Миёна ва Саразми 5500 сола”, “Мақоми муставӣ” Айни замон, донишкада дорои 7 факулта, 13 кафедра буда, аз рӯи 34 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 17 ихтисос дар шуъбаи фосилавӣ мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро тайёр мекунанд. Дар муассиса 3281 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 1374 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1929 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Ба муносибати ҷашни бошукӯҳи 30солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ бо суръату сифати баланд дар ин даргоҳи илму маърифат давом меёбад.
Фотима СИРОҶЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ,
ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии ДОТ дар шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр