Бо чунин ном дар китобхонаи вилоятии ба номи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ озмуни ҷамъбастии вилоятӣ баргузор шуд, ки дар он 8 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят сабқат намуданд. Се нафар аз иштирокдорон - Азизбегим Мавлододова аз ноҳияи Роштқалъа, Мижгонаи Давлат аз шаҳри Хоруғ ва Султон Шоҳзода Рауф аз ноҳияи Мурғоб аз беҳтаринҳо дониста шуда, барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр