Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба рушди илмҳои дақиқ

Сана: 2020-11-12        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Ба наздикӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе семинармашварати омӯзишӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 30­солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 120 нафар омӯзгори математика, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок доштанд. Дар ибтидо иштирокдорони семинармашварат ба дарсҳои омӯзгорони варзидаи литсей Б. Шодиев А.Зумратов З. Норов, К.Мирзоев Ҷ.Саидов, С.Норбоев ва чанде дигар иштирок намуданд. Онҳо аз дарсҳои ба таври амалӣ гузаронидаи омӯзгорони литсей бо истифода аз асбобҳо ва таҷҳизоти зарурии муосир изҳори қаноатмандӣ карданд ва ҳангоми муҳокимаи дарсҳо ба фаъолияти омӯзгорони литсей баҳои баланд доданд. Дар қисми дуюми кори семинар­машварат, ки дар маҷлисгоҳи литсей баргузор гардид, олимон аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва чанд нафар омӯзгори литсей бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳамид Маҷидов профессори кафедраи физикаи эксперименталии ДДОТ ба номи С.Айнӣ Бобоқул Қодиров мудири кафедраи методикаи таълими химияи донишгоҳи мазкур Алимов Сироҷиддин… дар баромадҳои худ оид ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ибрози ақида намуданд. Аҳли ҷамъомад ба хулосае омаданд, ки барои амалишавии дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи маориф бояд байни муассисаҳои олии омӯзгории мамалакат, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ робитаҳои илмӣ ва таълимӣ дар мадди аввал гузошта шаванд. Ин боиси боз ҳам баланд шудани сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои умумӣ мегардад. Дар анҷоми семинар­машварати омӯзишӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Л.Одилбекова ба олимон, устодони литсей ва иштирокчиёни семинармашварат барои фаъолияти густурдаашон изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф, ҳамчунин, аз номи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ омӯзгорони фаъоли даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон­2020» ифтихорномаҳо тақдим намуд.  

Т. ҶУМЪАЕВ,

собиқдори соҳаи маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш