16-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат чорабинии идона баргузор гардид.
Муҳаммадюсуф Имомзода ҳозиринро бо Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, ҳамзамон, аз ташаббус ва дастгириҳои пай дар пайи бевоситаи Пешвои миллат барои рушд ва пешрафти соҳаи маориф ва илми мамлакат ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯз дар кишвари азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва мардум ба Роҳбари сиёсӣ ва Пешвои муаззами худ арҷу эҳтироми худро баён менамоянд. Тавре ҳамагон огоҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаашон мактабу маориф, омӯзгору хонандаро ҳамеша таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва ҳидояту худ қарор додаанд. Ислоҳоти соҳаи маориф ва раванди таҷдидгароӣ дар ин ҷода ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар сахт алоқамандӣ дорад. Чунин назари некбинона боиси он шудааст, ки фазои таҳсилот дар кишвар ба нафъи ҷомеа равона гардад ва самараи дилхоҳ ба бор орад. Барои Тоҷикистон мафҳумҳои Президент, идораи президентӣ, институти идоракунии президентӣ ва монанди инҳо нав буда, дар замони соҳибистиқлолии кишвар вориди забони тоҷикӣ гардиданд,-зикр кард вазир дар идома. Сипас, Илҳом Камолзодасардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вобаста ба Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ зикр кард, ки барои миллату давлати Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва бори дигар бо аксарияти овози интихобкунандагон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон гувоҳи эътиқоду эътимоди тамоми мардуми кишвар аст. Дар охир Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бори дигар бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, таъкид кард, ки бояд намояндагони соҳа ҷавобан ба дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат тамоми саъйю талошашонро баҳри рушди бемайлону пешрафти соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин, ҳифзи амнияту осоиштагии ҷомеа ва дар умум, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ободиву гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона намоянд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр