Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол ва моҳияти он

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Гузаштаи таърихии миллати мо  борҳо  нишон  додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайраҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд. Аммо дар ҳамаи ин марҳилаҳои ҳассосу ҷонгудоз  миллати  мо  бо  хиради баланду  хислати созандаи  хеш бо  фарзандони  далеру  шуҷоъи худ тавонистаанд аз худу ҳувияти миллии худ дифоъ намоянд. Кишваршиноси рус Н. Г. Павлов дар китоби «История Туркестана» менависад: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин  миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне  тоҷик  ҳастем...  .  Аз  рӯи  инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаранд: кам андар кам  миллате  мисли тоҷикон  ба  ин  зарбаҳои  сахт  дучор омадааст, аммо қадре фурсати  нафасросткунӣ  кифоя  буд,  ки онҳо боз ҷон бигиранд». Яке  аз  марҳилаҳои  хеле ҳассосу  нозук  ва  дар  айни  замон тақдирсози миллати мо солҳои 90уми асри сипаришуда мебошад. Бо  таназзул  ёфтани  низоми  шӯравии  собиқ,  ҷумҳуриҳои иттифоқӣ  роҳи мустақилияти усули  давлатдориро  пеш  гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистони мо  низ  дар  остонаи  солҳои  90ум истиқлолияти  хешро  ба  даст овард. Хиради азалии ин миллат буд, ки  дар  пайроҳаҳои  пурпечутоби  таърих  аз  худу ҳувияти  хеш дифоъ  намуда,  тавонист  дар  ҳар марҳилаи  осоиштагӣ  рушд  ёбаду давлат бисозад. Бо  дарназардошти таҷрибаи таърихӣ  ва  авзои  сиёсии  дунёи муосир  дар  вазъияти  кунунӣ  мо бояд  ҳар  чӣ  бештар  ба  қадру манзалати чунин  неъматҳо,  ба монанди  истиқлолият,  ваҳдат, сулҳ  ва  саодатмандӣ  бирасем.  Истиқлолияти  давлатӣ  ва муродифҳои  он   соҳибихтиёрӣ, озодӣ аз ҷумлаи мафҳумҳое мебошанд,  ки  ҳолати  рӯҳӣ,  иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва  миллату давлатро, ки  дар  муносибатҳои  ҷамъиятӣ асос  доранд,  ифода  мекунанд. Ин  мафҳумҳо  ҳангоме  маъною манзалат пайдо  менамоянд,  ки мазмунан  акси  худро  дошта  бошанд. Акси ин мафҳумҳо асорат, бандагӣ, вобастагӣ мебошад. Дар асорат  афтодани  миллат  барои вай бузургтарин фоҷиа буда метавонад ва инчунин, омили ба нестӣ ё ҳадди ақал заъфу нотавон гардидани он мешавад. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” истилоҳи  “истиқлолият”  ба  маънои  мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ; озодӣ  ва  комилҳуқуқии  кишвар дар  идораи  сиёсию  иқтисодӣ  ва фарҳангии  худ;  истиқлолияти миллӣ, соҳибихтиёрии  миллӣ оварда шудааст. Дар  фарҳанги  сиёсӣ,  ҳамчунин,  истиқлолияти  миллӣ, истиқлолияти  халқ  мавҷуд аст. Истиқлолияти  давлатӣ  сифати ҳуқуқии  бегонанашавандаи  давлати  соҳибихтиёр  аст,  ки  рамзи мустақилияти сиёсию ҳуқуқии он буда,  дорои  волотарин  масъулият  ва  арзиш  чун  субъекти  аввали  ҳуқуқи  байналмилалӣ  мебошад, ки  зарурат  барои  волоияти ҳокимияти  давлатиро  дорад  ва тобеъ набудан ба ҳокимияти давлати дигарро ифода мекунад. Дар  таълимоти  мактаби  давлатдории  мутафаккирони  Шарқ, истиқлолият  ба  маънии  озодию осоиштагӣ  ва берун  аз  бардагӣ (ғуломӣ)  тарғиб  карда  мешавад. Бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ метавон  қайд  намуд,  ки  гузаштагони  тоҷикон  худро  бо  исмҳое ба  монанди:  «озодон»,  «озодазодагон»,  «озодагон»,  «деҳқон» (дар  асл  бошад: деҳгон  –  соҳиби деҳа, деҳадор) муаррифӣ менамуданд. Ин номҳо ҳамчун муродифи истиқлолу истиқлолият мазмунан аз даврони бостон мавриди истифода  қарор  доштанд.  Масалан, дар  ин  маврид  шоири  классики форсу  тоҷик  Абӯмансур Дақиқӣ чунин мефармояд: Ман аз фарзанди пок озодагонам, Нагуфтам, ки Шопур бин Ардашерам. Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  асари  худ «Тоҷикон  дар  оинаи  таърих»  ба ин мавзӯъ дахл намуда, аз ҷумла, чунин  менависанд:  «Озодӣ  ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати  бебаҳо  ва  волои  ҳаёти инсон,  нишонаи  барҷастаи  симо ва  ташаккули  таърихӣ,  кафили пешрафт,  рамзи  асолату  ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин,  истиқлолият  мазҳари  идеалу ормонҳои  таърихӣ,  шиносномаи байналмилалӣ,  замонати  ҳастии воқеӣ  ва  шарофату  эътибори ҷаҳонии миллат аст». Худи истилоҳи «тоҷик» низ, ки номи этникии  халқи  моро  ифода  мекунад,  ба  маънои  давлату давлатдор  фаҳмида  мешаванд. Мазмунан  ин  истилоҳ  ба маънои  истиқлолияту  истиқлолхоҳӣ ҳамреша  мебошад.  Аз  ин  бармеояд,  ки  мо  таърихан  миллати  истиқлолиятдӯст буда, мазмуну  мундаиҷаи  он  яке  аз ҳадафҳои  таърихии  мо  будааст.  Асорату  бандагӣ  ҳамчун калимаҳои  зидмаъно дар муқобили  истиқлолият  фаҳмида шуда,  дар  фарҳанги  мо  аз  ҳар ҷониб  мазаммат  шудааст.  Яке аз  мутафаккирони барҷастаи Шарқ  Ибни  Халдун  дар  асари  худ  «Муқаддима»  озодию истиқлолиятро  тавзеҳ  бахшида, вазъи  равонию иҷтимоии  миллати  дар  асорат  афтодаро  хеле хуб тасвир кардааст. Ӯ дар фасли 24 -уми асари хеш зери сарлавҳаи «Ҳар гоҳ  миллате  мағлуб  гардад ва  дар  тасаллути  дигарон  воқеъ шавад  (яъне  истиқлолият  ва соҳибихтиёриро  аз  даст диҳад), ба суръат рӯ ба нестӣ ва инқироз хоҳад  рафт»  менависад,  ки  «Ҳар гоҳ  кохи  фармонравоии  миллате вожгун гардад  ва  ба  сарнавишти бандагӣ дучор шаванд ва ҳамчун абзори бегонагон қарор гиранд ва ба онон мутакӣ шаванд, он гоҳ орзуи онон кӯтоҳ шавад ва ормонҳо норасида...». Ибни Халдун дар ин матн ҳолатеро, ки дар натиҷаи ба асорат афтодани як миллат ва аз даст  додани  истиқлолият  бар  ӯ рӯй  медиҳад  тасвир  ва  баён  кардааст.  Ин  ҳамон  ҳолати навмедӣ ва  аз  байн  рафтани  орзуст,  ки натиҷаи  ноилоҷӣ,  бечорагӣ  ва таҳқир аст ва афроди миллатро аз таассуби шахсиятсоз,  ҳамон  ору номус, ифтихору нишот, ҳаракату кӯшиш  бозмедорад.  Дар  ин  маврид Муҳаммад Иқбол чунин фармудааст: Уммате, к-аз орзу неше нахӯрд, Нақши ӯро фитрат аз гетӣ сутурд. Аз  ин  рӯ,  мавҷудияти истиқлолияти сиёсӣ барои ҳар як халқу  миллат,  ин  аслан  заминаи рушди  боэътимоди  давлатдории он  мебошад.  Ба  даст  овардани истиқлолияти  Тоҷикистон  ва тариқи  сулҳу  ваҳдат  таҳким  бахшидани  он  барои  рушди  ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии  халқ заминаи мусоид фароҳам овард.  

 

М. МАДАТЗОДА,

декани факултаи таҳсилоти томактабии  ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

номзади илмҳои педагогӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш