Нашрияи Омӯзгор

Рушди фанҳои дақиқ – тақозои замон

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

Таърихи башар дар ҳама давру замон собит намудааст, ки мояи бузургдошти ҳар инсон, пеш аз ҳама, илму дониш, хираду маънавиёт ва заковати гиро мебошад. Маҳз илму маънавиёт ва фазилату тавонмандии асил аст, ки инсонро ба мартабаву ҷойгоҳи шоиста мерасонад. Корбасти илм метавонад ҳар яки моро ҷаҳоншиносу шуҳратёр гардонад. 

Агар ба масири паймудаи рӯзгордории инсоният дар муддати чанд садсолаи охир дар риштаҳои пажӯҳишӣ ба таври воқеӣ назар афканем, дармеёбем, ки фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илмҳои марбут ба ин равия миёни миллати тоҷик мавқеъ ва ҷойгоҳи махсуси худро доро будаанд. Аз ҷумла, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин садҳо фарзонафарзандони миллати тоҷик ҳамчун меъморони илмҳои дақиқу табиатшиносӣ эътироф шуда, бо осори гаронбаҳою нодири таҳқиқотиашон миллати моро муҳри ҷовидонагӣ бахшидаанд. Болотар аз ҳама, агар ба умқи таърих назар афканем, муайян мегардад, ки бештари олимони Ғарб беҳтарин дастоварди илмҳои дақиқро аз олами Шарқ гирифтаву дар ҳаёт татбиқ кардаанд. Дар ин самт ҳеҷ ҷойи шакку шубҳаи дигаре нест, ки мутахассисону коршиносони соҳа яке аз бартариҳои асосии пешрафту комёбиҳои арзишманди риштаҳои илмию истеҳсолии солҳои 60-уми қарни гузаштаро дар мутобиқсозии самараноки илм бо истеҳсолот ва иҷрои мақсадноки корҳои пажӯҳишӣ дидаанд. Бо дахли паҳлуи дигари ин масоили умдаи ҷомеа, агар аз дидгоҳи таърих каме жарфтар назар афканем, маълумамон мегардад, ки мавҷи татбиқи шоҳкориҳои илм бо истеҳсолот муҳаррики асосии манбаҳои иқтисодиро дар бар гирифта, боиси афзун шудани садҳо корхонаи бузурги истеҳсолӣ ва тавлиди бештари барномаҳои дигари иқтисодӣ низ гардидааст. Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019)дар иртибот ба масъалаи боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат таъкид бар он доштанд, ки дар марҳилаи навбатии рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебояд ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо зич вобаста аст. Дар ин радиф, аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод шуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки пас аз ҳалли муваффақонаи вазифаҳои таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии рӯзгор талаб ба миён ниҳодаанд, ки кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал, “назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Албатта, зарурати рушди ҳар чӣ бармаҳалтари фанҳои зикршударо мутахассисон ва олимони ин соҳаҳои пешбаранда бо дилу ҷон дастгирӣ мекунанд. Итминони комил дорем, ки онҳо чунин соати саидро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Агар ба моҳияти вазифагузории навбатии Президенти кишвар амиқтар назар афканем, дармеёбем, ки иҷрои он ба фардои нисбатан тӯлонитаре муқаррар карда шудааст, ки ин беасос нест. Бемайлон рушд бахшидани таълими силсилаи фанҳое, ки онҳоро “дақиқ” гуфтан расм шудааст, кӯшишу масрафоти зиёд ва вақти бештар талаб менамояд. Бешубҳа, дар бадали ду даҳсолаи оянда дар ҷодаи таълими фанҳои дақиқ ҷунбиши назаррасе ба амал оварда мешавад. Ҳадафи тадриҷан рушд додани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳар чӣ ҷиддитар аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва умуман, илму ҳунарҳои замонавӣ комилан равшан мебошад: хоҷагии халқи Тоҷикистонро бидуни ба шуғли доимӣ ва дӯстдоштаи насли наврас ва ҷавонон табдил додани илму пешаҳо ва ҳирфаҳои техникӣ равнақ бахшидан ғайриимкон аст. Аслан, аз худ намудани математика, химия, биология, физика, омӯзиши шохаҳои гуногуни иқтисодшиносӣ, информатикаю омор ва амсоли онҳо барои ҷомеаи мо амали нав нест. Айни замон, ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам олӣ теъдоди назарраси омӯзгорони варзида ба таълими ин фанҳо машғуланд. Лекин солҳои охир Пешвои миллат дар ҳар фурсати мусоид гӯшрас менамуданд, ки ба хотири эъмори давлати пешрафтаи дорои иқтисодиёти тавоно мо бояд ислоҳоти куллии маорифро таъмин карда, дар ин раванд ба соҳаҳои калидӣ, мушаххасан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурдани азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таълими самарабахши пешаю ҳунарҳои техникӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Ва ҷиҳати муваффақона ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои ҷиддие, ки тибқи супориши Пешвои миллат дар ҷодаи иҷрои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф имрӯзҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ мураттаб ва тасдиқ карда мешавад, потенсиали тавоное дорад. Устодону донишҷӯён дар сафи пеши ислоҳотгарони маорифи Тоҷикистони мақом дарёфта, баҳри он мекӯшанд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, аз худ кардани ҳунарҳои замонавии техникӣ ҷавобгӯи тақозои айём бошад ва ба шарофати он Ватани маҳбубамон ҳамеша дар радифи мамлакатҳои пешрафтаи олам ҷойгоҳи шоиста касб карда тавонад.

Азизбек ЗУМРАТОВ,

омӯзгори литсейи №3, шаҳри Душанбе 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш