Имсол тамоми мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла, намояндагони илму адаб 140-солагии зодрӯзи устод Садриддин Айниро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат китобу маҷмӯаҳои зиёд аз ҷониби олимону адабиётшиносони дохил ва хориҷи кишвар таълиф гардиданд, ки ҳар яки он бозгӯи хизматҳои шоёни устод Садриддин Айнӣ дар ҷодаи илму адаб ва маорифу фарҳанг мебошанд.
Яке аз чунин асарҳо маҷмӯаи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии доирнамудаи Вазорати маориф ва илм ба ифтихори 140-солагии устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки бо номи «Садриддин Айнӣ – маорифпарвар» аз ҷониби муҳаққиқон Хуршед Зиёӣ, Обидҷон Маҳмудзода ва Эҳсон Сафарзода таҳия ва зери назари доктори илми фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид бо теъдоди 300 нусха ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои олимон ва донишмандони ҷумҳурӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ гирдоварӣ шудааст.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО
Иловакунӣ
Иловакунии фикр