Нашрияи Омӯзгор

Мураббии сол маълум мегардад

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Дар муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №23-и шаҳри Бохтар марҳилаи дуюми даври якуми озмуни “Мураббии сол - 2020” бо иштироки мураббияҳои фаъоли муассисаҳои томактабии ҳудуди вилояти Хатлон баргузор гардид. Ин озмун аз рӯи шаш шарт, муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, таҳлили ҳолатҳои равонӣ – педагогӣ ва пешниҳоди ҳунарҳои дастӣ ташкил гардид. Мураббияҳо аз рӯи шартҳои пешниҳодшуда амал намуда, донишу маҳорати касбии худро пешкаши ҳайати ҳакамон гардонданд. Дар баргузор кардани мизи мудаввар, ки яке аз шартҳои озмун ҳисоб меёфт, мураббияҳо фаъол буданд. Озмуни “Мураббии сол - 2020” хеле шаффоф, ҷолиб ва диданӣ баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ғолиби мутлақи ин озмун соҳиби роҳхат ба даври вилоятӣ мегардад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш