Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба мактабҳои махсус

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълими фанни табиатшиносӣ барои мактаб-интернатҳои кӯдакони ношунаво ва сустшунавою деркаршуда (синфҳои 4 – 7-ум) ва барномаи таълими география барои мактабинтернатҳои кӯдакони ношунаво (синфҳои 6 – 11-ум) ба чоп расид. Бояд гуфт, ки чанд соли охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилиҳои муассисаҳои таълимии махсус ҷиддан диққат дода, барои ҳал кардани масоили марбут ба табъу нашри китобҳо, аз ҷумла, ҷиҳати бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани хонандагони ин намуди муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ диққати махсус медиҳад. Соли 2015 бори нахуст барои кӯдакони ношунаво ва гунги мактабҳои махсус китоби дарсии «Имову ишора» (муаллифон С.Қувватов, З.Раҳмонов) бо теъдоди 2 000 нусха чоп шуд, ки аз он омӯзгорон, мураббиён ва волидони кӯдакони ношунаво ва донишҷӯёни гурӯҳҳои сурдопедагогика низ истифода бурда метавонанд. Ҳамчунин, соли 2019 қисмати дуюми китоби дарсии «Имову ишора» ба теъдоди 2 000 нусха таҳия ва нашр карда шуд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барои бо адабиёти таълимиву бадеӣ таъмин кардани хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ хоҳад кард.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,

илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш