Нашрияи Омӯзгор

Рамзи соҳибдавлатӣ

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, самти воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд. Ба дидани парчаму нишон ва шунидани суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Рамзҳои давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаҳои дахлдор инъикос ёфтаанд, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) тасдиқ шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ қайд карда мешавад. Рамзҳои ҳар як давлат дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ ҷойи намоёнро ишғол мекунанд. Парчам бо ҳар як рангу тасвири он нишонае аз давлату давлатдории миллат аст. Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонӣ иртибот мегирад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърих ҳисобида мешавад. Дарвоқеъ, то замони ба вуҷуд омадани парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину оин ва ғайра ифода мекард. Шукр, ки Ватани мо Тоҷикистони соҳибистиқлол низ соҳиби Парчами давлатӣ мебошад. Ва мардуми  шарафманди кишвар зери  ливои Парчами миллӣ фаъолияти  пурсамар намуда, обрӯю нуфузи мамлакатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Фирӯза РАҲМОНОВА,

омӯзгори мактаби №100-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш