Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоятгар ба сӯйи ояндаи дурахшон

Сана: 2020-11-29        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Парчам ва оини парчамдорӣ миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми хоса дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад. Гузаштагони мо дар Парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавонмандӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, парчами ӯ рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёкони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёкони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатдорӣ ба миён омада, бо ин мақсад аз 28 июни соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар ин росто, озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардида, барои натиҷагирӣ аз кори озмун комиссияи махсусе бо роҳбарии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт. Мутобиқи навиштаи рӯзноманигори варзида Н.Муъминов, ки бевосита шоҳиди ҷараёни кори комиссияи мазкур буд, бо ташаббуси Рассоми халқии ИҶШС Суҳроб Қурбонов гурӯҳи кории комиссия дар ҳайати Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев, раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон А.Заневский, санъатшинос Лариса Додихудоева, рассомон Н.Игнатушина ва М.Саидалиев таъсис ёфта, дар назди онҳо вазифаи омода намудани ангораи парчам ва нишони давлатӣ гузошта шуд. Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол бо инъикоси се ранг: сурху сафеду сабз ва дар маркази он акси тоҷ бо ҳафт ситора аз тарафи комиссияи зикршуда қабул шуда, дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Тарзу усули истифодабарӣ ва тартиби ҳуқуқии муносибат бо Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 пешбинӣ шудааст. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябр ҳамасола чун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда шавад. Соли 2011 бошад, дар маркази шаҳри Душанбе Парчами 165-метра  (паҳноияш 30 метр ва дарозиаш 60 метр) қомат афрохт, ки ҳамчун баландтарин Парчам дар олам ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид. Парчами давлатӣ барои мардуми шарифи тоҷик нишонаи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ягонагӣ ва василаи тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад. Ин муқаддасоти миллӣ бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои фарзандони фарзонаи сарзамини моро таъкид менамояд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба бузургдошти Рӯзи Парчами давлатӣ (24.11.2018) иброз доштанд: «Воқеан, Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад». Парчами давлатии мо дар радифи парчамҳои дигар кишварҳои олам дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ мақоми таърихии худро ҳамчун ливои истиқлолу озодӣ ва фарҳанги шукӯҳманд бо дурахшу ҷилои нав пойдор намуд, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанон аст. Бешак, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Бигзор, ба бахти миллати тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҷассумгари қаҳрамониҳои халқи тоҷик, таҳкимбахши ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси давлатдорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон ва роҳнамои наслҳо бошад!

Абдусалом МИРАЛИЗОДА,

ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш