Нашрияи Омӯзгор

Бинои иловагии мактаб дар Мастчоҳ

Сана: 2020-11-26        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи бинои мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода ва аҳли маорифи ноҳия иштирок доштанд. Р. Аҳмадзода зимни ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ ва суҳбат бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд садҳо синфхонаи нави таълимӣ бунёд гардида, барои хонандагон шароити ҷавобгӯ ба талаботи рӯз фароҳам оварда мешавад. Бинои иловагии таълимӣ аз ду ошёна ва ёздаҳ синфхона, ду ҳуҷраи корӣ, майдончаи варзишӣ, биноҳои ёрирасон иборат буда, бо харҷи 3,2 миллион сомонӣ сохта шудааст. Синфхонаҳои кушоду барҳавои бинои иловагӣ барои таҳсили 275 нафар дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш