Нашрияи Омӯзгор

Ифодагари иттиҳоду якдилӣ

Сана: 2020-11-26        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Ҳамоишро ноиби президенти АТТ Ирина Каримова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Парчами ҷумҳурӣ 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст ва он ифтихори миллии тоҷикон мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб дар мавзӯи «Парчам рамзи иттиҳоду якдилист» суханронӣ кард. Мавсуф, аз ҷумла, иброз дошт, ки Парчам таърихи беш аз 3000-сола дошта, ҳанӯз дар китоби муқаддаси «Авесто» дар бораи он сухан рафтааст. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бошад, Парчам, ҳамчун, дирафши ковиёнӣ ёд карда мешавад. Дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, вобаста ба давраҳои ҳукуматдории подшоҳони тоҷик Парчам бо шаклу рангҳои мухталиф таҷассуми худро ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар рӯзи ҳаштуми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Парчами давлатӣ қабул гардид. Баъдтар Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ба тасвиб расид. Мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии АТТ, номзади илмҳои педагогӣ Сайфиддин Камолзода дар мавзӯи «Парчами миллӣ ва худшиносии тоҷикон» ҳарф зада, таъкид кард, ки Парчам нишони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ва рамзи ҳувияти миллӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих, дар мубориза бар зидди аҷнабиён дирафши ковиёниро баланд бардошта, пирӯзӣ ба даст оварданд. Парчам рамзи бақои ҳастии миллат мебошад. Унвонҷӯи соли дуюми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Зулфонов дар мавзӯи «Парчам номуси миллат» сухан ронда, андешаҳои худро дар хусуси ифтихори миллӣ ва моҳияти давлатдорию ҳувияти миллӣ баён намуд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш