Ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Омӯзгори сол – 2020» бо иштироки 12 нафар довталаб аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Озмунро ректори донишкадаи мазкур Хоналӣ Қурбонзода ифтитоҳ бахшид.
Пас аз анҷоми расми ифтитоҳ омӯзгорон ба иҷрои шарти аввали озмун, ки муаррифии таҷрибаи корӣ маҳсуб меёфт, шурӯъ карданд. Аксари довталабон ҳангоми муаррифии фаъолияти педагогии худ ба баёни тарҷумаи ҳол, кадом донишгоҳ ё донишкадаро хатм кардан, дар ину он муассисаи таълимӣ кор кардан ва мукофотҳои ба дастовардашон маълумот дода, аз уҳдаи иҷрои шарти озмун баромада натавонистанд. Ҳол он ки Низомномаи озмуни «Омӯзгори сол» тақозо мекунад, ки дар ин шарт тахассусмандӣ ва навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ бо назарияҳои педагогӣ психологӣ ва адабиёти илмӣ инъикос гардида, дар асоси он мақолаҳои илмию методӣ, дастур ва китобҳои дарсии ба табъ расида, баррасӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, таҷрибаи инноватсионӣ дар истифодаи маводи таълимӣ – методӣ, салоҳиятнокии омӯзгор дар истифодаи технологияи муосир дар дарс, дарёфти проблемаҳо дар таълим ва пешниҳоди ҳалли он аз нуқтаи назари самарабахшии он бояд аз ҷониби довталаб ҳаллу фасл карда шавад. Мутаассифона, ба ҷуз омӯзгори мактаби рақами 16 – и шаҳри Ваҳдат И. Ҳамроев, довталабон аз мактаби рақами 8 – и ноҳияи Шаҳринав Тоҳир Холиқов, мактаби рақами 12 и шаҳри Турсунзода И. Отабоев ва мактаби №64 – и ноҳияи Варзоб С. Назарова ва дигарон омилҳои ба муваффақият расидани худро ба таври мушаххас баён карда натавонистанд. Омӯзгори географияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 – и шаҳри Ваҳдат Исмоил Ҳамроев бо пешниҳоду дастоварду комёбиҳои худ тариқи тахтаи электронӣ нишон дод, ки воқеан, ҳунару маҳорати хуби омӯзгорӣ дошта, дарсҳояшро ҳамвора бо истифодаи васоити техникӣ дар сатҳи баланд баргузор менамояд. Ӯ 4 дастури методӣ ба нашр расондааст ва муаллифи 18 мақола мебошад. Дар сомонаи электронии мактаб 80 дарси намунавии довталаб ҷой дода шудааст. Дар мактабе, ки И. Ҳамроев фаъолият мекунад, кабинети ба таври замонавӣ ҷиҳозонидашудаи география мавҷуд аст, ки дар он 56 рисола (реферат)–и шогирдони ӯ мавҷуд аст. Бо ташаббуси омӯзгор дар муассиса маҳфили «Кишваршиносӣ» ташкил карда шудааст, ки ҳашт сол боз фаъолият мекунад. Довталаб аз мактаби № 8 – и ноҳияи Шаҳринав Тоҳир Холиқов, ки аз забони русӣ ба хонандагон машғулият мегузаронад, қайд кард, ки чанд дастуру китоби методӣ оид ба роҳандозии дарсҳои забони русӣ таълиф кардааст. Шогирдонаш дар озмунҳои фаннии ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои сазовор гардидаанд. Аз нақли довталаб ва муаррифии фаъолияташ тариқи навор маълум гардид, ки вай сайти махсуси худро дошта, дар он машғулиятҳояшро ба муаррифӣ гузоштааст. Дар сайти байналмилалии «Инфоурок» 44 дарси худро ҷо намудааст, ки 290 000 000 нафар аз муҳтавои ин дарсҳо бархурдор гардидаанд. Омӯзгор Исфандиёр Отабоев аз мактаби №12 – и шаҳри Турсунзода дастури тозанашри методии худ – «Физикаи сайёҳӣ» ро пешниҳоди иштирокдорони озмун гардонд. Шогирдони омӯзгор, ба тасдиқи ӯ, ҳамасола ба донишкадаю донишгоҳҳо дохил шуда, яке аз хонандагонаш аз фанни физика дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи сеюм гардидааст. Ҳангоми муаррифии фаъолияти омӯзгорӣ ва дастоварду комёбиҳои довталабон ба мушоҳида расид, ки дар тайёру омода намудани иддае аз онҳо масъулони раёсату шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ саҳлангорӣ намуда, талаботи низомномаи баргузории озмунро умуман ба эътибор нагирифтаанд. Аз ҳамин сабаб довталабе бо собиқаи дусолаи корӣ ба озмун фиристода шудааст. Ҳол он ки дар Низомнома таъкид гардидааст, ки дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок кардан доранд, ки таҷрибаю кори на камтар аз панҷсола дошта бошанд. Шарти дувуми озмун гузаронидани маҷлиси падару модарон дар доираи 20 дақиқа ба шумор мерафт. Мавзӯи ҷаласаи падаронро «Танзим – баракати зиндагӣ», «Фарзанди нек – боғи падар», «Тарзи ҳаёти солим», «Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ», «Реҷаи рӯзи фарзанди шумо», «Ҳифзи моликияти таълимӣ» ва амсоли инҳо ташкил медод. Маҷлиси гузарондаи омӯзгори мактаби №33-и ноҳияи Нуробод М. Мунаҳваров дар масъалаи ҷамъбасти чоряки аввали соли хониш хеле хотирнишон ва муассир буд. Маҷлисҳои гузаронидаи довталабон Тоҳир Холиқов аз ноҳияи Шаҳринав, Исфандиёр Отабоев аз шаҳри Турсунзода, Исмоил Ҳамроев аз шаҳри Ваҳдат ва Лайлӣ Шодмонова аз мактаби № 64 – и ноҳияи Рӯдакӣ ҷолибу шавқангез ва ибратангез буд. Аммо довталабони дигар ҳангоми баррасӣ ва ҳаллу фасли мавзӯи пешниҳодшуда, камтаҷрибагӣ нишон доданд. Дар иҷрои шарти панҷум, ки посух додан ба даҳ савол перомуни асноди меъёрӣ – ҳуқуқии соҳаи маориф ва аз рӯи ихтисос ҳисоб меёфт, иштирокдорони озмун чандон фаъол набуданд. Дар иҷрои шарти шашум довталабон маҳорату малакаи хуб нишон дода, бо компютер кор карданд. Рӯзи дувум довталабон кори худро аз пешниҳоди машғулиятҳояшон оғоз намуданд. Машғулиятҳои баргузорнамудаи омӯзгорон Т. Ҳолиқов (ноҳияи Шаҳринав), И. Ҳамроев (шаҳри Ваҳдат), И. Отабоев (шаҳриТурсунзода), Л. Шодмонова (ноҳияи Рӯдакӣ), Б. Ҳоҷиева (шаҳри Ҳисор), М.Мунаҳваров (ноҳияи Нуробод), С. Назарова (ноҳияи Варзоб), А. Раҳмонов (ноҳияи Сангвор) бартарӣ доштанд. Омӯзгори забони русии мактаби №8и ноҳияи Шаҳринав Тоҳир Холиқов ҳоло ҷавон аст, вале азму талош, эҳсоси баланди шавқи касбро дар ӯ ба мушоҳида гирифта, кас орзу мекунад, ки сафи чунин омӯзгорони соҳибқобилият дар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ афзун гардад. Т.Холиқов донишу фаҳмиши хуб дошта, бо забони русӣ озодона ҳарф мезанад. Аз тахтаи электронӣ дар иртибот ба мавзӯи дарсӣ моҳирона истифода мекунад. Фаъолияти баланди хонандагони синфро ташкил карда метавонад. Мутаассифона, қисми зиёди иштирокдорони озмун побанди усулҳои фаъоли таълим гардида, аз моҳияти дарс дур мешуданд. Мавзӯи навро ҳаматарафаю муфассал баррасӣ накарда, лаҳзаҳои дарсро дуруст тақсим карда натавонистанд. Гоҳо ба суханбозию беҳуда ташкил намудани лаҳзаҳои дамгирӣ дар дарс, муғлақбаёнӣ, бемантиқӣ дар гуфтор ва мақсади асосии мавзӯъро саҳеҳу дуруст нафаҳмондан роҳ доданд. Арзёбии дониши хонандагон аз ҷониби довталабон ба таври бояду шояд гузаронида нашуд. Шарти охирини озмун таҳлили дарси ҳамдигарии довталабон ба шумор мерафт, ки дар он тақрибан ҳамаи иштирокдорон аз рӯйи як стереотипи маъмулӣ – таърифу тавсиф ба машғулиятҳои баргузорнамудаи ҳамкасбони худ баҳогузорӣ карданд. Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардид. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав Тоҳирҷон Холиқов бо гирифтани 31, 25 хол соҳиби ҷойи аввал, довталаб аз мактаби №12 – и шаҳри Турсунзода Исфандиёр Отабоев бо 29, 33 хол сазовори ҷойи дуюм ва омӯзгори мактаби №33-и ноҳияи Нуробод Мубин Мунаҳваров бо 28, 56 соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Шодӣ РАҶАБЗОД, Ҳотами ҲОМИД, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр