Нашрияи Омӯзгор

ИШКОШИМ: се муассисаи томактабӣ сохта мешавад

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

Дар ноҳияи Ишкошим 6 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 312 нафар тарбиятгиранда амал мекунанд. Тибқи нақша соли оянда сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар деҳаи Андароби ҷамоатҳои деҳоти ба номи Аскар Замиров, деҳаи Птупи ҷамоати деҳоти Питуп, дар Ҷамоти деҳоти Қозидеҳи деҳаи Қозидеҳ ба нақша гирифта шудааст. Соли равон бо дастгирии шарикони рушд дар маркази ноҳия ба маблағи 2 миллиону 970 ҳазор сомонӣ Маркази инкишофи рушди барвақтии кӯдакон бо фарогирии 75 нафар тарбиятгиранда мавриди истифода қарор гирифт. Ба ҳадафи рушди тарбияи тарзи ҳаёти солим дар назди мактабҳо ва марказҳои деҳаҳои калонтарини ноҳия 5 майдончаи варзишӣ бунёд шуд ва сохтмони 4 майдончаи варзишии дигар дар нақша аст.

Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш