Нашрияи Омӯзгор

Роҳи абрешим – таҳкимбахши робитаҳои дӯстӣ

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ рӯзҳои сеюму чоруми июли соли равон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Роҳи абрешим ва робитаҳои байнифарҳангии кишварҳои Аврупову Осиё» баргузор гардид, ки дар ин ҳамоиш меҳмонон аз Корея, Россия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд.

Пажӯҳиши донишмандон О.Қосимов, А.Саидов, Ли Хуанде, Н.Ғиёсов, А. Мамадназаров, Б.Хуррамова ба ҷараёни конфронс тобишу ҷилои наве бахшид. Хусусан, пажӯҳиши А.Саидов дар мавзӯи «Шоҳроҳи бузурги абрешим – василаи нуфузи дуҷонибаи фарҳангҳои мардуми Шарқу Ғарб» чун оина тамоми  таърих ва марҳилаҳои таърихии Роҳи абрешим ва алоқамандии ин шоҳроҳро бо фарҳангу илми мардуми Шарқ, аввалин корвони тиҷоратӣ тавассути ин шоҳроҳ бозгӯ намуд. Пажӯҳишгар қайд кард, ки дар ҳайати корвон ғайр аз тоҷирон донишмандон, файласуфҳо, адибону рассомон шомил буданд, ки тавассути ин табақа дунё аз илму адаби мардуми гуногун, оини буддоӣ, насронӣ ва ислом огаҳӣ пайдо намуд.

Ҷиҳати забонии масъалаи мазкурро забоншиноси тоҷик Ш.Кабиров дар мақолаи «Нақши Роҳи абрешим дар паҳншавии воҳидҳои лексикии забони тоҷикӣ дар манотиқи Чин» пайгирӣ намуда, ишорат кард, ки дар забони мардуми Чин ҳанӯз ҳам баъзе вожаҳои суғдӣ ва тоҷикӣ мавҷуд аст, ки онҳоро дар номгузории ҷуғрофӣ ё дигар мавзеъҳо мавриди истифода қарор додаанд, ки далели тавассути Роҳи абрешим интишор ёфтани тамаддун, забон ва фарҳанг ба ҳисоб меравад.

 

О.Раҳимов,

устоди кафедраи забони тоҷикии

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш