Нашрияи Омӯзгор

Ба ҷанбаҳои миллии китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Сана: 2020-11-26        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

20-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илм, Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио, Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар мавзӯи “Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат” семинари илмию машваратӣ ва таҳлилию методӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи семинар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар сиёсати давлат  афзалиятнок эълон гардид ва дар давраи хеле кӯтоҳ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуд. Ислоҳот ва азнавсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот идома дошта, дар ин замина даҳҳо барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо, аз ҷумла, Стратегияи рушди маориф то соли 2020 пурра анҷом дода шуда, Стратегияи нав то соли  2030  дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ба тасдиқ расид.  Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) ташаббуси бисёр бузург пешниҳод карданд, ки ин эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад. Дар доираи ин тадбири бисёр муҳим Вазорати маориф ва илм нақшаи амалии татбиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро барои то соли 2025 пешниҳод кард, ки ҳукумат онро тасдиқ намуд ва он мавриди амал қарор гирифта истодааст. Ҳангоми таҳлил то соли 2005 муайян шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ намерасанд ва бо дастгирии Пешвои миллат дар вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва  дар доираи ҳамкории бисёрҷониба бо шарикони рушд тавонистем хонандагони муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ таъмин намоем. Мутаассифона, дар вақти ба нашр расонидани китобҳои дарсӣ, махсусан, аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ баъзе ғалатҳо гузаштааст, ки хилофи ғояи давлатдории миллӣ мебошанд ва ҳоло зарурате пеш омадааст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро тадриҷан ислоҳ намоем. Баҳс атрофи мазмуну муҳтавои китобҳои  дарсӣ дар нашрияи “Омӯзгор”  ва дигар нашрияҳо  оид ба ин масъала солҳост идома дорад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки Вазорати маориф ва илм ҳангоми чопи дубора китобҳои дарсиро таҳрири ҷиддӣ намуда, камбудиҳои мавҷударо бартараф намояд. Бо ин роҳ мо бояд китобҳои дарсиро бо ғояи давлатдории миллӣ, андешаю арзишҳои миллӣ мувофиқ намуда, дар ҳифзи мероси миллӣ саҳм бигузорем. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таълим ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобаста аст. Дар замоне, ки давлату ҳукумат ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус доранд, таъмини муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа маҳсуб меёбад. Масъалаи беҳтар шудани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо низ борҳо дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид карда буданд:

«Замони муосир ва ҳазораи нав тақозо мекунад, ки вобаста ба ворид гардидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ дар раванди таҳсилот, стандартҳои нави давлатии таълим такмил дода, вобаста ба ин, барои ҳамаи зинаҳои таълим насли нави китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шаванд. Яъне корро тавре ба роҳ бояд монд, ки омӯзгор ва хонанда доир ба ин ки чаро бояд хонад, донад ва иҷро карда тавонад, тасаввур ва маълумоти амиқ дошта бошад».

Муҳимтарин дастоварди Вазорати маориф ва илми кишвар дар ду даҳсолаи охир нашр ва дастраси тамоми хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонидани китобҳои дарсӣ мебошад. Дар ин замина, давра ба давра стандарту барнома ва китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ, қисман китобҳои дарсии фанҳои табииву риёзӣ бо назардошти муносибати босалоҳият ба таълим таҷдиди назар шуданд. Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат доир ба китобҳои дарсии равияи гуманитарӣ, ки дар онҳо баъзе афкори бегона ва матнҳои ба ғояҳои миллию худшиносӣ номувофиқ ворид гардидаанд, назари интиқодии худро баён карданд, ки ин норасоиҳо дар нашрҳои минбаъдаи китобҳои дарсӣ ба таври ҳатмӣ бояд ислоҳ карда шаванд. Барои ислоҳи камбудию норасоиҳои китобҳои дарсӣ чунин пешниҳод карда мешавад: 1. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот як ҳамоиши умумиҷумҳуриявӣ оид ба тарзи таълиф ва таҳияи китобҳои дарсӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи таърих, адабиёт, забон, ҳуқуқшиносӣ ва методистон гузаронида шавад. 2. Дар китобҳои дарсии фанни таърих ба инъикоси арзишҳои давлатдории миллӣ, фарҳанги тоисломии тоҷикон, қаҳрамониҳои халқи тоҷик, ки дар мубориза бо аҷнабиён фидокориҳо карданд, таваҷҷуҳи хосса дода шавад. 3. Китобҳои дарсӣ бояд тарзе таҳия шаванд, ки худшиносии миллӣ ва иқтидори зеҳнии хонандагонро боло бурда, ифтихор ва илҳомбахш бошанд, на тавлидкунандаи эҳсоси дунёбезорӣ, дингароӣ ва хурофотпарастӣ . 4. Навиштани китоби дарсӣ бузургтарин масъулияти давлатдории миллист ва он бояд ба шаш рукни давлатдории миллӣ, ки моддаи 1-и боби 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бечуну чаро мувофиқат кунад. 5. Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки Барномаи таълимии фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро аз нав, бо ҷалби муаллифон ва методистони варзида таҳия намояд. Дар ин раванд, батадриҷ тамоми барномаҳои фанҳои гуманитарӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд таҷдиди назар шаванд ва китобҳои насли нав дар асоси барномаҳои нави таълимӣ таълиф карда шаванд. Ба назари мо, дар баробари таҳия ва таҷдиди назар шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, бояд ба он нукта таваҷҷуҳ кунем, ки хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар рӯҳияи худогоҳиву шинохти асолати миллӣ ва гузаштаи пурҳикмату наҷиби таърихӣ ба камол расанд. Бояд барои тарбияи маънавии насли наврас китобҳоеро пешниҳод кард, ки ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ҷавобгӯ бошанд. Дар ин кор, пеш аз ҳама, муаллифону таҳиягарони китобҳои дарсӣ саҳми бузург дошта мета-вонад.

Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродулло Давлатзода вобаста ба  таъсири дин ба давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки мо бояд китобҳоеро таълиф намоем, ки тавонанд насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, садоқат ба ин марзу бум, ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Бояд гуфт, ки низоми сиёсӣ, шакли идорию давлатдорӣ ва пояи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар моддаи якуми худ мушаххас кардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин нуктаҳои дар моддаи як дарҷгардида бояд дастур ва роҳнамо барои муаллифони китобҳои дарсӣ, ки тарбияи насли наврас, ташаккули шуури фардӣ, шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ аз он сарчашма мегирад, бошад. Бинобар ин, пешниҳод мекунам:

Якум, консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ таҳия ва қабул карда шавад ва дар он мувофиқат намудани китобҳои дарсӣ ба муқаррароти Конститутсия,  дар ҷойи аввал қарор дода шавад ва ин масъала бояд ба гунаи бебаҳс аз тарафи муаллифон иҷро карда шавад.

Дуюм, дар китобҳои дарсии фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ васеъ истифода намудани намунаи мисолҳо аз баргузидаи ашъори шоирону нависандагон ва олимони шинохтаи эътирофгардидаи классик ва имрӯза, ки дар ҷавҳарашон ақидаҳои меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ, тарғибу ташвиқи ҷасорат, ғурури миллӣ, тоҷикият, дунявият, умед ба ояндаи нек, боварӣ ба пешрафт, масъулияти шахс дар назди миллат, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонбинии илмиро тарғибу ташвиқ менамоянд, интихоб карда шаванд. Намунаҳое, ки ба принсипи давлатдории дунявӣ мухолиф буда, сарчашмаашон  аз навиштаҳои шоирону олимони номашҳур, афсонаву ривоятҳои диниву мазҳабӣ мебошанд, ки майлу рағбати хонандагонро ба ифротгароӣ аз хурдсолӣ равона намуда, дар онҳо рӯҳияи маъюсӣ, ноумедӣ, нобоварӣ ба оянда ва ба рушди ҷаҳонбинии динию мазҳабӣ оварда мерасонанд, орӣ бошанд.

Сеюм, рӯйхати адабиёт, сарчашмаҳо ва ному насаби шоирону нависандагон ва равшанфикрону маорифпарварони асили тоҷик, ки намунаи ашъор ва кашфиёту дастовардҳояшон дар мавриди таҳияи китобҳои дарсӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, омода ва тасдиқ карда шаванд ва муаллифони китобҳои дарсӣ вазифадоранд, ки ҳангоми овардани намунаҳо танҳо аз ҳамин сарчашмаҳо истифода баранд.

Чорум, баҳогузорӣ ва дар китобҳои дарсӣ ҷой додани воқеаҳои муҳимми таърихӣ бояд дар асоси далелҳои таърихӣ, на ривояту афсона ё диди шахсии муаллиф бо дарназардошти вазъи кунунӣ, манфиатҳои миллию давлатӣ, геополитикӣ, сиёсӣ, сиёсати дохиливу хориҷии имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Бинобар ин, консепсияи ягонаи баҳодиҳӣ ба воқеаву  рӯйдодҳои таърихӣ бо назардошти воқеияти замон ва манфиатҳои миллӣ дар чорчӯбаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат  бояд дар кӯтоҳтарин фурсат таҳия ва тасдиқ карда шавад. Муаллифони китобҳои дарсӣ китобҳоро дар чорчӯбаи ҳамин консепсия таълиф намоянд.

Панҷум, дар мавриди омӯзиши  таърихи соҳибистиқлолии кишвар, сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он бояд нақши ифротгароёнаи собиқ ҳизби террористии экстремистии наҳзати ислом ва пуштибонони онҳо дар минтақа нишон дода шавад. Бинобар ин, талаботи ягона ва қатъӣ барои интихоб намудани муаллифони китобҳои дарсӣ дар асоси озмун таҳия ва тасдиқ карда шавад. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, дараҷаи дониш, касбият, салоҳият,  масъулият, таҷрибаи педагогӣ, соҳибмактаб будан, маҳорату қобилияти навиштан доштан, забондонӣ, доштани ҷаҳонбинии  илмӣ, тафаккури миллӣ,  мавқеъгирии давлатӣ, бевосита на камтар аз 10 сол кор намудан дар муассисаи таълимии зинаи дахлдор ва ё марказҳои таълимию методӣ ва ғайраҳо ба назар гирифта шаванд. Ҳамчунин, талаботи ягона ба китоби дарсӣ низ ба таври мушаххас муқаррар карда шавад.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид қайд кард, ки соли 2005, вақте аввалин маротиба фонди гардиши китоб рӯйи кор омад, дар доираи маблағҳои бонки ҷаҳонӣ бояд 176 номгӯй китоби дарсиро чоп мекардем. Зарур шуморидем, ки мазмуну муҳтавои китобҳои дарсиро фишурдатар ва дарсҳои такрорро дар китобҳои дарсӣ бамаротиб зиёд кунем. Ин ҳолат тахминан то солҳои 2010 2012 давом кард.  Аз соли 2012 инҷониб дарсҳои такрорро, хусусан, аз синфи 5 ба синфҳои болоӣ баровардем ва мавзӯъҳои нав ҳамроҳ кардем, ки хонандагон бештар иттилоъ пайдо кунанд. Дар ин замина, бештар ба теъдоди китобҳои дарсӣ аҳамият додем ва кӯшиш намудем, ки дар доираи фонди гардиши китобҳои дарсӣ тамоми хонандагонро бо китоб таъмин намоем. Вобаста ба таҳияи консепсия дар Вазорати маориф ва илм 5 маротиба бо муаррихон ҳамоиш ташкил намудем, то ин ки на танҳо консепсияи  таърихи халқи тоҷик, балки таърихи ҳамаи фанҳоро таҳия ва бознигарӣ намоем. Мутаассифона, ҳамин кор ба анҷом расонида нашуд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳам консепсияи таърихи ватан ва ҳам консепсияю методологияи навиштани китобҳои дарсӣ аз ҳамаи фанҳо (ҷамъиятию гуманитарӣ ва табиатшиносию риёзӣ) таҳия карда шавад. Инчунин, дар рафти семинар як қатор муаллифони китобҳои дарсӣ ва иштирокдорон, аз ҷумла, устодон Т. Зиёев, Ю. Яқубов, М. Забирзода, М. Мирзоева, С. Аҳмадов, Ҳ. Камол, С. Аминов, А. Байзоев, Н. Асадзода ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро манзур карданд.

Дар охир Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, ки мақсад аз баргузории семинари мазкур ислоҳи камбудиҳо ва дар рӯҳияи худшиносию тафаккури миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳамзамон, зарур аст, ки стандартҳои давлатии зинаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, барномаҳои таълимӣ аз нав таҳия ва минбаъд дар асоси стандарту барномаҳои нав китобҳои дарсӣ таълиф гарданд. Инчунин, гурӯҳҳои ҳамоҳангсоз оид ба  таҳия ва нашри китобҳои ҳар як фан дар Вазорати маориф ва илм таъсис дода шавад ва ба роҳбарони гурӯҳҳо супорида шавад, ки аз рӯйи стандарт  ва барномаи таълимӣ  китобҳои дарсиро аз нав таҳия намоянд. Барои пурмазмун ва беғалат чоп гардидани китобҳо муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ таъйин карда шавад, то ба китоби дарсӣ баҳои дуруст дода тавонанд. Ҳамчунин, дар охир вобаста ба дастуру супоришҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Эҳсон САФАРЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш