Нашрияи Омӯзгор

Худомӯзӣ – бунёди фаъолияти омӯзгор

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

Боиси хушнудист, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлат меҳварӣ ба ҳисоб меравад ва тамоми шароит барои омӯзишу мутолиа ба толибилмон фароҳам омадааст. Баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кишвар корҳои шоиста ба анҷом расонида шудааст. Инчунин, корҳои ободонию бунёдкорӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат вусъат меёбад ва мунтазам омӯзгорони ҷавон дастгирӣ меёбанд. Соли равон маоши омӯзгорон ба андозаи 15 фоиз баланд гардид, ки ин боиси боз ҳам ба таълиму тарбия шавқманд гардидани устодону омӯзгорон ва баланд шудани сатҳу сифати таълиму тарбия мешавад. Ҳамчунин, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия конуну қарор ва барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардидаву мавриди татбиқ қарор гирифта истодаанд. Дастоварди  хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ назаррас буда, кишвари мо дар ин самт дар қатори беҳтарин давлатҳои ҷаҳон қарор дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ усули муносибати босалоҳият ба таълим татбиқ гардид, ки ба баланд гардидани сифати таълим мусоидат намуд. Ин усули таълим масъулияти омӯзгоронро ба таълиму тарбия ва фаъолияти хонандагонро ба омӯзиш бештар намуд. Дар ин шеваи таълим ба ҳар як хонанда имкон дода мешавад, ки вобаста ба мавзӯи пешниҳодшуда фикру андешаҳои худро баён созад ва омӯзгор вазифадор аст, ки андешаҳои ҳамаи хонандагонро гӯш кунад, ки ин аз як тараф, нутқи хонандагонро инкишоф медиҳад, аз ҷониби дигар, шавқу рағбати онҳоро ба фаро гирифтани донишҳои муосир афзун месозад. Ман ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик мушоҳида намудам, ки пас аз роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим аксари хонандагон ба дарсҳо бо тайёрии пухта меоянд. Ин усули таълим хонандагонро водор мекунад пайваста ба дарсҳо омодагии ҷиддӣ гиранд, инчунин, асарҳои бадеиро мутолиа намоянд, зеро дар ин замина андешаи мустақилонаи хонанда аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин, ман ба хонандагон дар дарсҳо мутолиаи китобҳои бадеиро тавсия медиҳам, ки то дар ин ҷода шавқи хонандагонро ба омӯзишу мутолиа бедор намоям. Ҳамчунин, худи омӯзгорро низ мебояд, ки ба мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ қонеъ нагардад, фаротар аз он асарҳои зиёдро мутолиа намояд. Аз ин рӯ, мо – омӯзгоронро низ зарур аст, ки мунтазам ба худомӯзӣ машғул шуда, дарсҳоро ба таври ҷолибу таъсирбахш гузаронем. Аз имконоти мусоид бояд ба таври самарабахш истифода намуда, насли донишманду соҳибистеъдодро ба камол расонем.

Муҳаббат ГУЛНАЗАРОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти мактаби №86-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш