Нашрияи Омӯзгор

Аз хирад бартар набошад давлате!

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои филологӣ (2002), профессор (2004), академики АУ ҶТ (2008), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999) Носирҷон Салимӣ дар радифи инсонҳое қарор дорад, ки рӯзгори хешро бидуни маърифат ва шинохти асолати зиндагонии маънавӣ тасаввур карда наметавонанд. 

Мавсуф аз табори мардумонест, ки қаламрави умри хешро бо гулҳои зебои маърифат ва перояи маънавият ороставу пероста гардонидаанд. Ӯ бо олами бою рангини маънавияш, соҳибназариву соҳибмаърифатияш дар ҷомеаи кунунӣ мақоми шоистае пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти бардавомаш дӯсти арҷманди мо амалҳои хайри фаровонеро анҷом додааст: дар давоми ректорияш дар се донишгоҳи маъруфи ҷумҳурӣ  ДДХ ба номи академик Б. Fафуров, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва низ дар давраи директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии назди АУ ҶТ буданаш сатҳи илми ин марказҳои бонуфузро ба маротиб боло бурд, куҳантарин тарҷумаи тафсири Қуръонро дар ду муҷаллади бузург ба ҳуруфи кириллӣ баргардон кард, дар соҳили рости Сирдарё боғи муҳташаме бо номи «Хуррамшаҳр» бунёд кард, баҳри шодоб гардонидани ин мавзеи фароғатӣ аз дили санг об ҷорӣ сохт ва бинои пурвусъати дар самти рости дарёи Сайҳун мавқеиятдоштаро, ки сохтмонаш даҳсолаҳо инҷониб анҷом наёфта буд, ба ваҷҳи аҳсант бунёд ниҳод ва фарзандони солеҳе ба воя расонид, ки имрӯз номбардори падари азизашон ҳастанд. Маҳз дар солҳои сарварии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бар зимма доштани мавсуф ин муассиса ба маркази тавонои илму адаб табдил ёфт. Дар ин давра дастаи калони осори ниёгон, амсоли «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Ҳудуд-ул-олам»-у «Таърихи Систон»-и маҷҳулмуаллиф, «Зайнул-ахбор»-и Гардезӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, талхиси «Сабкшиносӣ»-и М. Баҳор ва чанди дигар ба хатти кириллӣ баргардон шуда, бо тавзеҳоту мулҳақот манзури хонандагони арҷманд гардид. Мо нағз дар хотир дорем, ки ҳангоми бо ташаббуси собиқ ректори ДДХ, профессор С. Абдуллоев дар назди донишгоҳ таъсис ёфтани «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» Н.Салимӣ сарҳалқаи кормандони ин маркази бонуфузи илмӣ гардида, маҳз дар ҳамин марказ ҳадафҳои судманди таҳқиқии хешро ба амал баровард ва роҳи оғознамудаи худро аз ин раҳгузар идома дод. Солҳои ҳамкорӣ дар маркази номбурда эҳтироми мо нисбат ба мавсуф боз зиёдтар гардид ва меҳраш ҳар чӣ бештар дар диламон ҷой гирифт. Бо номбурда, ки дили меҳрбор ва назари ҷӯяндаву мушоҳидакор дорад, кору фаъолият кардан ва масъала ҳал намудан, ҳатто доир кардани баҳсу мунозира лаззати нотакроре дорад. Таҳти сарварии мавсуф кормандони маркази мазкур баҳри табъу нашри асари барҷастаи «Сомониён дар оинаи таърих» (дар ду ҷилд) камари ҳиммат бастанд, то дар ғаномандии шуури маънавӣ ва иртифои тафаккури миллии ҷомеа, худшиносиву худогоҳӣ нақши арзанда гузошта, аз ин роҳ авроқи таърихи миллатро мунаввару муҷалло гардонанд. Дар натиҷа ин китоб дар ду ҷилд маротибаи аввал (соли 1999-ум) ба ҳаҷми 76,1 ҷузъи чопӣ ва бори дуюм (соли 2019-ум) ба андозаи 97 ҷузъи чопӣ интишор гардида, барои хонандагон ҳамчун шиносномаи таърихи давлатдории тоҷикон манзур гардид ва аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифт. Маҳз ҳамин дастоварди илмӣ буд, ки Н. Салимӣ ба гирифтани Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ мушарраф шуд. Тазаккур бояд дод, ки дар давраи начандон тӯлонии фаъолияти мавсуф аз ҷониби кормандони «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» наздики бист пажӯҳиши калонҳаҷми ҷиддӣ интишор ёфтанд, ки бархе аз онҳо дар хориҷи кишвар ба табъ расиданд. Доираи пажӯҳиши ин муҳаққиқи пуркор фарох буда, дар онҳо ҳам масъалаҳои мубрами таърихи адабиёти тоҷик (хосса таҳқиқи вижагиҳои услубӣ ва махсусиятҳои анвои мутадовили насри классикии форсу тоҷик), ҳам нақду баррасии насри муосир мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд. Агар кулли фаъолияти илмиву адабии Н. Салимӣ аз назари таҳлил гузаронида шавад, онҳоро метавон ба тариқи зайл нишон дод: 1. Таълифи осори таҳқиқӣ, ки ба силсилаи онҳо китобҳои «Маърифати бадеии таърих», «Марҳалаҳои услубии таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик», «Андешаҳо дар ҳошияи таърихи наср», «Назаре ба таърихи наср дар замони устод Рӯдакӣ» ва ғайраҳоро метавон мансуб донист. Дар ин гуна пажӯҳишот муҳаққиқ масоили моҳият ва мухтассоти шинохти таърих, марҳалаҳои рушду такомули шуур ва ҷаҳоншиносии таърихии нависандагон, таҳаввули тафаккури адабиву бадеӣ, таҷаддуди шаклҳо ва дастурҳои тасвири инсону ҷомеа, пайдоиш, вижагиҳои шакливу услубӣ ва таҷзияи мавзӯии анвои насри классикии форсу тоҷикро дар масири таҳаввули он дар маърази андеша ва баррасӣ қарор дода, манзараи ҷомеи ташаккули насри классикӣ ва таҷзияву танаввуи онро инъикос намудааст. 2. Бо пешгуфтор, тавзеҳоту мулҳақот таҳия шудани осоре чун «Ҳазору як шаб» (дар ду ҷилд), «Сомониён дар оинаи таърих» (дар ду ҷилд), «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (дар ду ҷилд), «Ёдгори умр» (дар се ҷилд), «Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён» (дар ду ҷилд), «Пандномаи Мотиридӣ», «Тӯтинома», «Номаи Тансар», «Мероси Оли Сомон», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосими Самарқандӣ, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ ва ғайраҳо, ки барои шиносоии хонандаи тоҷик бисёр муфид аст. 3. Ба қалами мавсуф наздик ба дусад мақолаи илмӣ тааллуқ дорад, ки онҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ дар саҳифаҳои маҷаллаву маҷмӯаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Пажӯҳишҳое, амсоли «Роҳи камолот», «Таърихият ва таркиби нақл», «Айнӣ ва Шарқ», «Шоҳнома» ва Сомониён», «Наҳзати тарҷума дар аҳди Сомониён», «Сухане чанд оид ба ёдгориҳои куҳани насри порсӣ», «Тафсир ва наср», «Таҳаввули сабк дар улуми адабӣ» ва монанди инҳо аз ҷумлаи чунин осори таҳқиқии мавсуф ба шумор меоянд. 4. Номбурда барои ба вуҷуд овардани манзараи то ҳадди имкон комили таърихи аҳди Сомониён дар арафаи ҷашни мубораки 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таълифи китоби сеҷилдаи «Донишномаи Сомониён», ки фарогири 114, 38 ҷузъи чопӣ аст, хизмати шоистаеро ба ҷо овард. Барои таълифи чунин асар соли 2010-ум номбурда бори нахуст дар Тоҷикистон сазовори ҷоизаҳои байналмилалии «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон», «Бунёди Рӯдакӣ» (Франсия), «Манучеҳри Фарҳангӣ» (Испания) гардид. 5. Аз рӯзҳои аввали сарварии ДДХ, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ва ДДОТ-ро ба уҳда доштанаш мавсуф пайваста дар андешаи тарбияи шогирдони солеҳу донишвар буду мисли боғбон ҳамвора аз ниҳолони бо азият парваридааш самараҳои матлуб умедвор мешуд. Аз ин рӯ, дар роҳи беҳдошти маърифати ҷомеа кӯшиши бисёр ба харҷ медод. Маҳз бо ташаббус ва ташвиқу тарғиби мукаррари ӯ устодони донишгоҳ ба таълифи роҳнамоҳои таълимӣ оғоз намуданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ аз ҳамаи фанҳои дар ин донишгоҳҳо тадрисшаванда дастурҳои таълимӣ навишта шуданд, ки онҳо ба беҳ гардидани сифати дарсҳо мусоидат карданд. Чанде аз ин гуна дастуру роҳнамоҳо, мисли «Муқаддимаи адабиётшиносӣ», «Адабиёти муосири тоҷик», «Фаҳмиши нав дар омӯзиши адабиёти асри ХХ» ва ғайраҳо ба қалами худи Н.Салимӣ тааллуқ доранд. 6. Номбурда ба китобҳои «Айнӣ – равшангари бузурги таърих»-и М. Шакурӣ, «Нақши умр»-и У. Fаффоров, «Ёдгори умр»-и Ю. Салимов, «Ҷалолуддини Румӣ»-и Р. Ҳодизода, «Меъроҷе то хуршеди висол» ва «Авасто» ва мероси фарҳангии тоҷикон»-и Н. Нурзод ва як силсила маҷмӯаи мақолаҳо, мисли «Номаи меҳр», «Фурӯғи андеша», «Муждаи васл», «Осорномаи Атахон Сайфуллоев», «Посдорони насри муосири тоҷик», «Равзанаи ирфон», «Маҷмӯаи осор»-и Аҳмадҷон Усмонов, «Аз ёдҳо ва дар ёдҳо» ва даҳҳо асарҳои дигар пешгуфтор навиштааст. 7. Мавсуф ҳамчун тарҷумони таҷрибаандӯхта осори нависандагони русу булғор – «Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст», «Ҳикояҳои А. П. Чехов»-ро дар сатҳи баланди забондонӣ ба тоҷикӣ баргардонидааст. Дар муддати қариб даҳ сол Н. Салимов сарварии яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ – ДДХ-ро ба уҳда дошт. Ин вазифаи душвор ва пурмасъулиятро ӯ бо камоли кордонӣ иҷро кард. Дар тӯли солиёни дароз маҳз бо ташаббус ва заҳмати пайвастааш дар донишгоҳ чандин конфронси ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ доир гардиданд, ки дар он пажӯҳишгарони номӣ аз Олмон, Русия, Фаронса, Ҳиндустон, Эрон ва дигар манотиқи ҷаҳон ширкат карда, маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Усули кори ӯ монанди як мактабест, ки бояд дигарон аз он сабақ бигиранду санъату маҳорати роҳбариро биёмӯзанд. Мавсуф ҳамчун шодобкунандаи дарёи сухан, барафрӯзандаи чароғи калом кайҳо мактаби хоси адабиётшиносии хешро ба вуҷуд овардааст, ки имрӯз дар он як идда ҷавонон ба камол расида, талоши саҳм гузоштан дар таҳқиқи муҳимтарин мухтассоти адабиётшиносиро доранд. Шахсияти Н. Салимӣ низ шоистаи таҳсин аст. Дар урфият мегӯянд, ки «олим шудан осону одам шудан мушкил» аст. Гумон мекунем, ки одамияти олими ҳақиқӣ аз ҳамин гуна «сифот»-и олимтарошон фарқ мекунад. Фурӯтаниву шикастанафсии Н. Салимӣ на намоишкорона, балки табиӣ ва ба фитрати инсонияш хос аст, ӯ дорои нӯши масаррат буда, аз неши мазаррат ҳазар дорад. Ҳамвора аз пайи омӯзиш асту неку медонад, ки «ба дониш бувад ҷону дилро фурӯғ» ва низ «аз хирад бартар набошад давлате». Дӯсти арҷманду донишмандамон Носирҷон Салимиро бо айёми саид ва ҷашни фархундааш – фаро расидани шастумин баҳори умр аз номи кулли устодону кормандон ва шогирдон табрику таҳният гуфта, барояш сиҳатии ҳамешагӣ, саодати рӯзгор, хонаободӣ ва сарсабзиҳои тоза ба тозаи илмию эҷодиро таманно дорем.

Низомиддин ЗОҲИДӢ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ,

Абдуҷамол ҲАСАНЗОДА,

доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш